Экспансияи идеологӣ ва оқибатҳои манфии он (назари геополитикӣ)
Экспансия (лот. expansio-васеъшавӣ, паҳншавӣ) -васеъшавии худудӣ, географии муҳити зист ё доираи таъсири давлати алоҳида, халқ, фарҳанг, намуди биологиро меноманд. Намудҳои экспансия гуногун, аз қабили биологӣ, фарҳангӣ, динӣ, этникӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ мебошанд. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ба экспансия ва намудҳои он бетаъсир намемонад. Ҳадафҳои ҷангҳои ҷаҳонӣ, ҷангхои дохилии шаҳрвандӣ низ ин зуҳуроти экспансионӣ мебошад, ки зери пардаи он манфиатҳои геополитикӣ меистанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон низ (1992-1997) пеш аз ҳама ҳадафи экспансионӣ дошт, ки ба тамомияти арзӣ ва истиқлоляти Тоҷикистон рӯирост таҳдид менамуд.
Хушбахтона бо дарки амиқи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хатари бузурги экспансионӣ паси сар шуда, миллати сарбаланди тоҷик рохи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва хуқуқбунёдро пеш гирифт. Ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки шахсан ӯ тарафдори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд мебошанд ва барои миллати тоҷик аз масъалаи сулҳ ва ризояти миллӣ дигар вазифаи муҳимтаре нест.
Таърихи экспансияи этникии юнону-римӣ, арабӣ, муғулӣ, туркӣ, британиягӣ, америкоӣ, испанӣ, португалӣ, франсавӣ, немисӣ ва ғайраро дар хотир дорад. Вале ҳар замон хусусиятҳои хоси худро доро буда, вобаста ба ҷараён таърих хусусиятҳои экспансионӣ низ тағйир меёбанд.
Асри 20 ва 21-умро асри экспансияи Иттиҳоди Шуравӣ ва ИМА ном мебурданд. Хусусияти муҳими экспансионии ҷаҳони имрӯза ин бештар ҷанбаи идеологӣ дорад, ки оқибат ба харобкорӣ ва барҳамҳурии давлатҳои миллӣ оварда мерасонад. Муҳаққиқи назарияи тамаддунҳо С.Хангтинтон менависад: «Идеологияи асосии асри 20 ин либерализм, сотсиализм, анархизм, корпоративизм, марксизм, коммунизм, сотсиал-демократия, консервативизм, миллатгароӣ, фашизм ва демократияи христианӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо натиҷаи зуҳури тамаддуни Ғарб мебошанд». Идеологияҳо бо роҳи воридшавӣ ба давлатҳо сохтори сиёсиро аз байн мебаранд. Масалан марксизим на танҳо сохти императориро дар Россия шикаст дод, балки аксари давлатҳои ҷахонро ба низоми сотсиализм кашид, ки аз онҳо қисми каме чун Хитой, Кореяи Шимолӣ, Куба, Ветнам боқӣ мондаанд. Геополитики машҳури америкоӣ З.Бзежинский менависад: «Марксизм ин маҳсули афкори Ғарб буда, дар китобхонаҳои Британияи Кабир ба вуҷуд омода, ба Авруосиё кучида, чун ҷарроҳи таърих баромад намуд». Агар дар Аврупо марксизм хуруҷ кард, дар кишварҳои Осиё дар қиболи он идеологияи панисломизм зуҳур кард. Асосгузори панисломизим ислоҳотчии мусулмон Ҷамолиддини Афғонӣ (1839-1897) мебошад, ки он иделогияи сиёсӣ-динӣ буда, асоси онро иттиҳоди маънавии мусулмонони ҷаҳон новобаста аз мансубияти этникӣ ва давлатӣ ташкил медиҳад. Намояндаи дигари ислоҳотчии исломӣ чун модернисти исломӣ ходими динии Миср Муҳаммад Абдо (1899-1905) мебошад. Гарчанде ӯ чонибдори сохти парламентӣ бошад ҳам, вале афзалиятро дар идоракунии давлатӣ ба намояндагони дин медод ва акидаҳои бунёдгароии Ибни Таймияро (1263-1328) дастгириӣ менамуд. Муҳаққики рус Пирогов А.И. менависад: «Дар шароити муосир дар ҷаҳони арабӣ равияҳои бунёдгароӣ ҳукумрон мегарданд, ки ба ҳаёти ичтимоӣ таъсир гузошта, даст ба ислоҳот мезананд, ки аз он гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба таври васеъ истифода мнамоянд». Ин афкори ислоҳотчигӣ бо роҳи идеологӣ ба кишварҳои рушднамуда интиқол дода шуда, байни мусулмонон тафриқа андохта, ба соҳибихтиёрӣ ва амнияти онҳо таҳдид менамояд. Чунин ҳолат дар кишварҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либиё, Яман, Фаластин, кишварҳои шимоли Африка ба назар мерасад, ки аз зуҳури экспансияи идеологӣ ба буҳрони сиёсӣ-ҳарбӣ кашида шуда, хуни ноҳаки мусулмонон рехта мешавад. Рӯзноманигори маъруфи франсавӣ Ричард Лабевер менависад: «Ба вуҷуд омадани ҳаракати ба ном «исломӣ» дар Афғонистон, (онро З.Бзежинский «камарбанди сабз») номида буд, ниҳоят боиси барҳамхурии Иттиҳоди Шуравӣ гардида, системаи биполярии муносибатҳои байналмилалиро шикаст дод». Маҳз экспансияи идеологӣ ибтидои соли 2011 боиси шӯришҳо ва инқилобҳои ранга дар Тунис, Яман, Миср, Либиё, Сурия, Алҷазоир, Ироқ ва дигар кишаварҳо гашта, қариби 800-ҳазор шаҳравандони он хору зор гардида, ба кишаварҳои Иттиҳоди Аврупо муҳоҷир гаштанд. Дар ин кишварҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ тасаввуротҳои идеологиро пахн намуда, мардумро ба майдонҳо кашиданд. Зарари иқтисодӣ ба ин кишварҳо ба 800 млрд.доллар америкоӣ расида, 35 фоиз маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳо поён фуру рафт. Ҳамин тавр ба ном ҷорӣ намудани «Тартиботи нави ҷаҳонӣ» боиси нооромии бархе аз кишварҳои ҷаҳонӣ гашта, мансуб ба манофеи геополитикӣ буда, сарчашмаи он экспансияи идеологӣ мебошад.
Асламов Б.С.,Самиъзода Б.С.