Душанбе - мизбони баргузории Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)
Тараққиёт ва рушди кишварҳоро бе ҳамгироӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар шароити муосир бисёр созмонҳо аз қабили СҲШ, САҲА, Ҳаштгона, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ ва дигарон давлатҳоро барои ҳамкорӣ гирд оварданд. Тараққиёти нобаробари иқтисодии кишварҳо, хатари ҷанги ядроӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму экстремизм, масоили экологӣ бахше аз проблемаҳои умумиҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Қитъаи Осиё яке аз калонтаринҳо буда, якчоя бо Аврупо Авруосиёро ташкил медиҳад, ки дар маркази омӯзиши геополитикӣ қарор дорад. Масоҳати он 43,4 км кв.буда, 60,5 фоизи (4,2млрд.) аҳолии курраи заминро дар бар мегирад.
Аксари давлатҳои он аз қабили Япония, Хитой, Малайзия, Индонезия, Ҳиндустон, Баҳрайн, Туркия, Исроил аз лиҳози иқтисодӣ рушдкарда ба хисоб мераванд.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирхои боварӣ дар Осиё (минбаъд-МҲТБО) - форуми муттаҳидкунандаи кишварҳои Осиё бо мақсади таъмини субот ва амният дар минтақа мебошад. Нахуст идеяи даъвати МҲТБО аз ҷониби собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Ҷаласаи 47-уми Генералии СММ октябри соли 1992 пешниҳод гашт.
Ба он Озорбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Исроил, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Камбоҷа, Хитой, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия ва Ӯзбекистон аъзо мебошанд. Ба ҳайси мушоҳид дар МҲТБО Бангладеш, Белоруссия, Лубнон, Малайзия, Индонезия, ИМА, Украина, Филиппин, Япония ширкат меварзанд.
Дар фаъолияти МҲТБО СММ, САҲА, Лигаи кишварҳои арабӣ, Ассамблеяи кишварҳои туркзабон иштирок менамоянд.
Мақомоти олии МҲТБО Саммити сарони давлатҳо ва Ҳукуматҳои он мебошад, ки дар чор сол як маротиба ҷамъ меоянд.
Ҳадафҳои муҳимтарини МҲТБО инҳо мебошанд:
1.Барҳам задани хатари яроқи қатли ом;
2.Муқовимат алайҳи терроризму экстремизм;
3.Таъмини амну суботи минтақа аз таҳдидҳои муосир;
4. Таъмини рушди иктисодӣ-иҷтимоии кишварҳо;
5.Ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсӣ;
6.Ҳамкорӣ дар масоили экологӣ;
7.Ҳамкориҳои гуманитарӣ.
Рӯзи 24-уми сентябри соли 2018 дар ҳошияи Иҷлосияи 73-юми Маҷмааи Умумии СММ мулоқоти махсуси вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки раёсати МҲТБО аз Ҷумҳурии Халқии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 гузашт.
Рӯзҳои 14-15-уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки роҳбарони 27-давлати дунё баргузор мегардад, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ буда, эътирофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Асламов Б.С., ходими калони илмии Академияи ВКД,
Самиъзода Б.С., омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД