Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАВРӮЗ-ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАБЛИҒГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Аз миёни ҷашну сур ва идҳои марғуб ва хеле дилпазири қавмҳои тоҷику форс ва халқу миллатҳои ҳамҷавор Наврӯз яке аз қадимтарин, бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Худи вожаи «Наврӯз» – калимаи мураккаби форсии –дарӣ, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва «рӯз» иборат аст. Дар ин ҳангом Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва ин ба рӯзи 31-уми моҳи Фарвардини Авестоӣ ва Ҳамали Аҷамӣ рост меояд. 

Манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамон давраҳо Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд ва онро ба 2 ҳисса- Наврӯзи омма (Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи сағир) ва Наврӯзи хоса (Наврӯзи бузург, ки рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ оғоз меёфт), тақсим мекарданд. Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад.
Дар боби Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати офаридгор такрорро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор нерӯманд мешавад. Наврӯз ҷашни бедоршавии табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чи дар ӯст, нав мешавад. Мавҷудоти олам ҳаёти нав меёбанд ва соли ҳақиқӣ даврае аз адвори хешро ба поён расонида, вориди марҳилаи тозае мегардад.
Наврӯз яке аз бузургтарин ойинҳо ва ҷашнҳои қадимаи мардуми ориётабор мебошад. Наврӯз ҷашни эҳёи мавҷудоти гетӣ буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ меоварад.

Наврӯз, биё, ки баргзор пазмонат,
Он кисари саҳро зи саҳар пазмонат.
Аз он ки замини мо бигардад зархез,
Он ки бикашад зи хок зар пазмонат

Оре, Наврӯз қарнҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯри заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст.
Баъзе муҳаққиқон таърихи Наврӯзро панҷҳазорсола ва баъзе шашҳазорсолаю ҳафтҳазорсола мегӯянд. Албатта, онҳо ба устураву ривоятҳо такя кардаанд ё онҳоро асос гирифтаанд. Аммо ҷашни Наврӯз қадимтар аз инҳост. Ин ҷашн аз ҳамон даврае шурӯъ мешавад, ки инсонҳои ибтидоӣ дар ғорҳо зиндагӣ мекарданд ва зимистонро дар он ҷо мегузарониданд. Вақте ки зимистон поён меёфт ва давраи яхбандӣ ба анҷом мерасид, баҳор шурӯъ мешуд ва рӯзҳо гарм мешуданд. Онҳо хурсанд мешуданд, медиданд, ки дарахтон барг мекунанду гулҳо мешукуфанд. Паррандагону чарандагон ҳама дар фазову табиат сурудхонону нағмакунон суйру гашт мекунанд. Одамони қадим, аз ҷумла ниёгони мо ин манзараҳоро дида, хурсандӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки гармӣ бар сардӣ ғалаба кард, офтоб бар деви зимистон пирӯз шуд. Ҳамин тавр оғози ҷашни Наврӯз аз ҳамон давраҳо сарчашма мегирад. Онҳо ҳар баҳор хурсандӣ мекарданд ва оҳиста-оҳиста он шакли муайяни ҷашнро гирифтааст. Масалан дар сарчашмаҳо гуфта мешавад, ки шоҳ Ҷамшед ин ҷашнро асос гузошт, вале он қадимтар аз давраи ӯ низ будааст ва шоҳ Ҷамшед онро танҳо ба шакли мукаммалтар даровардааст. Агар мо ба таърихи пайдоиши калимаи Наврӯз назар афканем, ҳудуди 1 ҳазору 500 сол пеш ин калимаро дар шакли хаттӣ мебинем. Аммо боз ҳам дар ёдгориҳои тахти Ҷамшед, ки дар шаҳри Шероз мавҷуданд ва дар онҳо тасвирҳое ҷой доранд, ки шаҳодат аз он медиҳад, ки шоҳони қадимаи эронӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд ва ба Шоҳ аз гӯшаву канори давлати форс ҳар гуна туҳфаву ҳадяҳо меоранд, ки ин ҳам аз хеле қадимӣ будани ҷашни Наврӯз гувоҳӣ медиҳад.
Наврӯз дар ҳама давр бо шукӯҳу шаҳомати зиёд пешвоз гирифта мешуд. Барои дар сатҳи олӣ гузаронидани он майдону тахтҳо месохтанд. Мисоли равшани он бунёди тахти Ҷамшед аз ҷониби Дориюш аст, осори он то ҳол боқӣ монда, оламиёнро ба ҳайрат овардааст. Дар субҳи аввали он одамон ба якдигар об мепошиданд, туҳфаҳо медоданд ва туҳфаҳо мегирифтанд. Шириниҳо беҳтарин туҳфа маҳсуб мешуданд. Дар шабҳо оташафрӯзӣ мекарданд ва суманак (сумалак) мепухтанд. Хушбахтона, маросими суманак (сумалак)- пазӣ дар аксар маҳалҳо то ҳол риоя мегардад.
Инчунин дастархонҳои идона меоростанд, ки ин дастархонҳои Наврӯзӣ бо номҳои ба худ хос, ба мисли «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» буд. Ҳар яке аз ин амалҳо қоидаҳои худро доштанд ва аз тарафи мардум бо пуррагӣ ба ҷо оварда мешуданд.
Яке аз анъанахои Наврӯзӣ ин 7 син мебошад. Ҳафт син ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи — с (син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:
1. Сирпиёз
2. Себ
3. Сабзӣ
4. Санҷид
5. Сирко
6. Суманак
7. Сипанд
Ҳафт шин ин он номгӯи чизҳои рӯи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо— ш (шин) оғоз меёбанд. Ба инҳо дохил мешаванд:
1. Шакар
2. Шона
3. Шамъ
4. Ширинӣ
5. Шарбат
6. Ширбиринҷ
7. Шир
Умуман инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошанд. Ҳар як халқият урфу одати худро дорад. Бинобар ин баҷои ҳафтсин ва ҳафтшини номбаршуда дигар хӯрокҳоро низ дар дастархон ҷой медиҳанд.
Мардуми ориёӣ дар тӯли қарнҳо бо тамоми роҳу воситаҳо тавонистанд, ки ин мероси фарҳангии худ, аз ҷумла анъанаи ҷашни Наврӯзро нигоҳ доранд. Онро аз манъкунию хурофот эълон намуданҳо дифоъ карданд ва ин анъанаро то ба насли имрӯз расониданд. Айни ҳол ҷашни Наврӯзро ғайр аз кишвари мо боз дар бисёр манотиқи олам, ба мисли Эрону Озарбойҷон, Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон, Афғонистону Албания, Туркияву Македония, Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҷамъ беш аз 300 миллион нафар аҳолии курраи замин) ҳамчун иди миллӣ ҷашн мегиранд.
Боиси ифтихор аст, ки кӯшишҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самара доданд ва аз 30 сентябри соли 2009 инҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст. Зеро Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин бойтар ва зеботар гардид. Наврӯз ба инсоният одамгарӣ, мубориза бурдан бо қувваҳои бадӣ ва бадкорон, дар сулҳу салоҳ зистанро талқин менамояд. Умари Хайём дар «Наврӯзнома» дарҷ кардааст, ки: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад». Кӯшишҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, ки мардуми ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ин ҷашни фархундаи ниёгонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гиранд ва то Наврӯзи дигар дар амну амният бошанд.
Яке аз сабабҳои зуд истиқбол шудани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисон ва комиссияҳои ЮНЕСКО-ю Созмони Милали Муттаҳид дар он аст, ки ин ҷашн воқеан ҳам ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оине рабт надорад, зеро дар айёми Наврӯз ҳама бо ҳамдигар, новобаста аз миллат, забон, дин, нажод ва маҳал хурсандӣ карда, гирди дастурхони наврӯзӣ мешинанд. Аҷдодони мо мегуфтанд, ки дар рӯзи таҷлили ин ҷашн бояд дилҳо аз кинаю нафрат пок бошанд, бо миёнравии шахсони муваффақ ва мӯйсафедони табаррук қаҳриҳо бо ҳам оштӣ мекарданд, ҳама гуна муноқишаю низоъҳоро ба сулҳ меоварданд. Онҳо андеша доштанд, ки агар касе дар соли нав бо ҳам қаҳрӣ ва ё ҷангӣ бошад, ҳатман дар корҳои онҳо як навъ мушкилот пеш меояд. Дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз аҷдодони мо, тоҷикон дар дастурхони идонаи худ маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширбиринҷ, шир, шакар ва ҷурғот мегузоштанд, ки ин онҳо сафедиянд ва барои онҳо сафедӣ рамзи муқаддас ба шумор мерафт.
Азбаки Наврӯз ҷашни сулҳофар ва ҷашни ваҳдату дӯстӣ аст, хусусияти пастзании обрӯю эътибори ягон гурӯҳ, шахс ё қавму қабиларо надорад, ҷашнест, ки дар поёни ҳодисаҳои таърихӣ ё ин ки ҷангу шӯришҳо ба вуҷуд наомадааст ва асоси он ҳодисаи баробаршавии шабу рӯз дар табиат мебошад, бо ин сабаб ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Ин ҷашн дар омад-омади худ як пайки хосеро дорост, зеро дар ин рӯзҳо ҳама либосҳои нав ба бар мекунанд, гулдухтарон либосҳои атласу чакан ба бар мекунанд ва модарон ба тайёр кардани суманаки наврӯзӣ омодагӣ мегиранд, деҳқонон ба кишту кор оғоз мекунанд.
Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гуруҳ шуда, ба куҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Сохибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки Наврӯз, воқеан, бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, менависад: — “Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон “ҳамал – ҳама чиз дар амал” мегӯянд”.
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.
Қобили зикри махсус аст, ки ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб арзишҳои онро, ки ба нафъи ҷомеа мебошанд, худи ҷомеа, яъне халқ пос медорад. Дар айёми наврӯзӣ ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ки ин ҳама боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон ба зиндагӣ мегардад.

Таҳияи аъзои Ҷамъияти илмии курсантон «Наҷотдиҳандагон»-и кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда, сержанти хурди милитсия: Ҳабибов Ҳ.Т.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...