Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст…

image-31-03-26-02-27-2

image-31-03-26-02-27-3

 

image-31-03-26-02-27image-31-03-26-02-27-5

image-31-03-26-02-27-6image-31-03-26-02-27-4

 Дар чорабиние, ки ба муносибати фарорасии иди баҳору зебоӣ - Наврӯзи фархундапай дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 30 март баргузор гардид, андешаҳо доир ба таърихи ин ҷашни куҳанбунёд, урфу анъанаҳои наврӯзӣ ва омилҳои ҷаҳонӣ шудани ин маросими миллӣ баён карда шуданд. Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо табрикоти наврӯзии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба саъми иштирокчиёни ҷашни идона расонид. Мавсуф дар баромади худ оид ба таърихи пайдоиши Наврӯз ва аҳамияти ҷаҳониро касб намудани он ибрози андеша кард. Тавре ӯ иброз намуд, маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон имрӯз на танҳо дар саросари кишвари соҳибистиқлол, балки дар кулли сайёра қайд карда мешавад.

- Агар ба омилҳои таърихии ин иди аҷдодӣ назар афканем, ба хубӣ мушоҳида мешавад, ки зиндаву эҳё гаштани ин ҷашни миллӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани он маҳз ба давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Яъне, Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки бори дигар ба эҳёи урфу анъанаҳо ва ҷашнҳои миллиамон рӯ оварда, онҳоро аз нав зиндаву поянда созем. Басо рамзист, ки Наврӯзи имсола ба яке аз ҷашнҳои барои миллатамон бисёр муҳим - 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст, - иброз намуд Ғ. Муборакшозода.

Дар навбати худ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло низ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, оид ба таҷлили иди Наврӯз дар Академия ибрози андеша кард. Тавре ӯ иброз намуд, дар сатҳи баланд таҷлил гардидани ин ҷашн дар саросари кишвар, аз ҷумла дар Академияи ВКД, нишонаи он аст, ки Наврӯз аз зумраи маросимҳои миллие мебошад, ки моро ба таърихи куҳани аҷдодонамон мепайвандад.

- Боиси сарфарозии ҳар кадоми мост, ки ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, дар баробари таҷлили ин чорабинии барои тамоми тоҷикистониён муҳим, ҳамчунин, аҳли омӯзгорону курсантони Академияи ВКД санаи таърихии 35-солагии таъсисёбии ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро дар сатҳи баланд қайд менамоянд. Аз ин рӯ, барои ҷашнгирии ин чорабиниҳои муҳим аз ҳоло дар Академия омодагиҳо рафта истодаанд. Аз ҷумла, ба ин муносибат дар Академия маъракаҳои марбут ба ободониву созандагиҳо роҳандозӣ шуда, дар доираи онҳо хеле корҳои кабудизоркуниву ободонӣ сурат гирифта истодаанд, - изҳори андеша намуд П. Насуриён.

Маврид ба зикри хос аст, ки пеш аз табрикоту суханрониҳои идона роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, масъулини хадамоту раёсатҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар меҳмонони ҷашни бошукӯҳи наврӯзӣ бо ороиши дастархонҳои идонаи кормандону омӯзгорони Академияи ВКД ва намоиши анъанаҳои миллӣ шинос шуданд.Воқеан, аз тарзи ороиши дастархонҳои наврӯзӣ мушоҳида карда мешуд, ки ҳар кадом бо тайёрии махсус ба ин иқдом даст задаанд. Яъне, дар дастархонҳои идонае, ки кормандону омӯзгорон ва курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ густурда буданд, ба дастоварду ороишҳои гуногун аҳамият дода шуда буд. Аз ҷумла, муаррифии гӯшаҳои ороёфта бо забонҳои халқу миллатҳои мухталифи ҳавзаи Наврӯз сурат гирифта, инъикосгари ҷаҳонӣ будани ин ҷашни куҳанбунёди тоҷикон арзёбӣ карда шуд. Дар ҷараёни базми наврӯзӣ мусобиқаи миллии гӯштингирӣ, ки хоси фасли зебои баҳор аст, роҳандозӣ гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ, ки миёни намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар сурат гирифт, гӯштингирони Академия пешсафӣ нишон дода, аз ҷониби роҳбарияти ВКД бо ҷоизаҳои гуногун қадрдонӣ карда шуданд. Тавре масъулини сабқатҳои варзишии ин базми наврӯзӣ зикр намуданд, аксари иштирокчиёни ин мусобиқаҳо он курсантоне буданд, ки дар чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ба даст овардаанд.Дар идома, дигар урфу одатҳои миллӣ, ки хоси Наврӯзи фархундапай мебошанд, пешкаши ҳозирин гардонида шуданд. Аз ҷумла, зери навои най ба майдон бобои деҳқон ворид гардид. Намоиши либосҳои тоҷикӣ ва домоду арӯсӣ дар тан низ хеле ҷолиб сурат гирифт. Дар ин қисмати чорабинӣ, ки зери навои суруду таронаҳои мардумӣ доир гардид, курсантдухтарони Академия фаъолнокӣ нишон доданд. Хусусан бо аспу аробаи ороёфта ба майдон ворид гардидани маликаи баҳор хотири ҳар иштирокчии ин базми ҷамшедиро болида гардонид.Сипас, намоиши суруду оҳангҳои дилнишин аз тарафи курсантону кормандони Академия, ки дар васфи фасли баҳору Наврӯзи дилафрӯз буданд, иҷро карда шуданд. Гулбазми иҷрокардаи курсантдухтарону курсантписарон низ диданӣ буд.Дар интиҳои ҷашни наврӯзӣ бошад, барои тамоми меҳмонону иштирокчиёни маҳфили баҳорӣ дастархони идона ороста шуд.

Умед Очилов.,

Шавкат Убайдуллоев.,

Саида Сафарзода. 

 

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...