Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ СОҲИБИ ЛИТСЕЙ МЕГАРДАД

2604Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат аз аввалин рӯзҳои соҳибистиқлолии давлатамон баҳри соҳибилму соҳибмаърифат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани шаҳрвандон, хосатан насли ҷавону наврас тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, то ба имрӯз даҳҳо донишгоҳу донишкада, муассисаҳои таълимиву маҷмааҳои варзишӣ ва дигар иншоотеро, ки дар рушду тараққӣ ва аз бар намудани илму дониши онҳо нақши созгор дорад, сохта ба истифода додааст.
2605Имрӯз низ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои бунёди бинои литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ санги асос гузошт.
Зимни суханронӣ дар ин маросим Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд кард, ки дар даврони Шуравӣ Вазорати корҳои дохилӣ ягон муассисаи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замон надошт, ки дар он кадрҳои нав омода шаванд ва ё кормандон дар он такмили ихтисос намоянд.
Инак, имрӯз бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби иншооти бузурги Академия, ки назираш дар давлатҳои Осиёи Марказӣ нест, Коллеҷи милитсия ва Коллеҷи техникӣ-оташнишонӣ гардидааст, ки дар таъмини кадрҳои баландихтисос ва пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ такони ҷиддӣ бахшидааст.
Дар ин замина, мо тасмим гирифтаем барои рушду пешрафти Ватани азизамон, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва омодасозии кадрҳои нав тарбия намудани наврасону ҷавонон, ки ба муассисаҳои таълимии ВКД ва ё дигар донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар, нияти таҳсил кардан доранд, литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилиро бунёд намоем.
Бояд қайд кард, ки литсейи «Дурахшандагон» иборат аз ду бино буда, дар ҳудуди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бунёд мешавад.
Бинои таълимии литсейи «Дурахшандагон» сеошёна буда, дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, китобхона, ошхонаву дигар инфрасохтори лозимӣ ва барои таҳсили 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Бинои хобгоҳи литсей бошад, аз 4 ошёна иборат буда, дар ҳар як ошёнаи он 11 ҳуҷраи таъмин бо тамоми лавозимоти маишӣ пешбинӣ гардидааст.
Р. ИЛЁСЗОДА





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...