Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми курсхои такмили ихтисос дар Академия

2596Дар паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро мояи ифтихор, нас- ли идомадиҳандаи миллат, таърих, фарҳанг, забон ва бунёдгарони ояндаи Тоҷикистони азиз баён намуданд. 2597Таваҷҷуҳи Пешвои миллат пайваста ба ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз, барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии онҳо, пос доштани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан, дарки баланди масъулиятшиносӣ, инсондӯстӣ, азхудкунии касб ва илмомӯзӣ равона шудааст.
2598Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.
2599Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Мавриди зикр аст, дар пайи иқдомҳои созандаи Пешвои милат аз тарафи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти шароити корӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, ватандусту ватанпараст гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар асоси речаи таълимии тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2025 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос бо нозирон ва нозирони калони РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврал то 11 мартии соли 2026 гузаронида шуд.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён П.А., бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии онҳо, пос доштани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан, дарки баланди масъулиятшиносӣ аз худ намудани касб ва илмомӯзӣ, суҳбат гузаронида, барои дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани машғулиятҳо олимон соҳа, омӯзгорони пуртаҷрибаи Академия ва кафедраҳои тахассусиро сафарбар намуданд.
Баъди хатми курси мазкур аз тарафи муовини аввали сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Ализода А.Ш. ва сардори факултети №3 полковники милитсия Мирзозода Э.Э. ба хатмкунандагон сертификатҳо дода шуданд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...