Таҷлили бошукӯхи Иди модарон дар Академияи ВКД
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ нисбати Зан-Модар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои мушаххас ва чорабиниҳои иловагӣ дар ин самт андешида шуданд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро тасдиқ намуд.
Аз сентябри соли 1998 Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 1998-2005 қабул гардида буд.
Барои солҳои 2001-2010 «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст.
3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин фармон имконият фароҳам овард, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад. Иштироки занон дар идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ки чунин вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ кам ба назар мерасад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 то ин ҷониб Барномаи давлатии «Тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарон» амал мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳояш дар қаламрави ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон медиҳанд. Садҳо квота барои духтарони маҳаллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Баъди хатмкунӣ дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки аз солҳои аввали истиқлолият дар назди Ҳукумат Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият дорад. Инчунин, маҷаллаҳои оммавӣ аз ҳаёти занон иттилоъ медиҳанд. Дар Маҷлиси Олии ҶТ Кумитаи занон, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва экология амал менамояд. Чунин комиссияҳо дар дигар сатҳи мақомоти намояндагони ҳокимияти давлатӣ низ амал менамояд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, беш 1,5 ҳазор занону духтарон фаъолият мебаранд, ки аксари онҳо дар воҳидҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Дар ин Вазорат Шурои занон ва духтарон амал менамояд,ки дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон саҳми бузургро мебозад. Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ ба мавқеи занону духтарони ВКД таваҷҷуҳи хос ва ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд, ширкати фаъоли онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД ба назар расида дар парадҳои ҳарбии идҳои давлатӣ яке аз беҳтаринҳо ҳисобида мешаванд.
Бахшида ба Иди Модарон санаи 06 марти соли равон дар толори фарҳангии Академияи ВКД маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият,занону бонувон,ҳайати шахсӣ баргузор гардид. Муовини якуми сардори Академия н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш.бо сухани табрикотӣ баромад намуда, тамоми занону бонувонро ба муносибати Иди Модарон 8-уми март аз номи Сардори Академия табрику таҳният намуданд. Сипас муовини Сардори Академия полковники милитсия Абдулаҳадзода А. Фармоишҳои Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори Академияро барои бо мукофотҳои соҳавӣ қироат намуда, ба бонувон ва курсантдухтарон туҳфаҳо ва медалҳои ҷашнӣ тақдим намуданд. Шурои собиқадорон бо таври тантанавӣ собиқадорронро ботантана ба нафақа гусел намуда ва ба онхо туҳфаҳои арзишнок тақдим намуданд. Дар фарҷом ба ифтихори иди Модарон консерти идона баргузор гардид, ки саршори меҳру муҳаббат ба Модарон буд. Иди Модарон бо шукӯҳи идона дар Академия таҷлил гардид.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н. - Маркази матбуот







































































































































































