Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

2547Санаи 23 – юми феврали соли 2026 бо ибтикории Шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан», бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
2548Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия НАСУРИЁН Пулод Асадулло ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам намуд ва ба кори конференсия барору комёбиҳо таманно кард.
2549Дар кори конференсияи мазкур, олимону муҳаққиқон, намояндагони факултетҳо, шуъбаҳо ва кафедраҳои Академияи ВКД, ширкат намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
2550Аз ҷумла:
НАЗАРЗОДА Носир Ҷобир - профессори кафедраи Ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., полковники милитсия;
МУҲАММАД С.А. - сардори кафедраи Фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.с., дотсент;
МАНСУРЗОДА Амиршоҳ Мансур. - сардори Факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия;
САМИЪЗОДА Бахтиёр Салим - ёрдамчии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия;
НАРЗУЛЛОЗОДА Суҳроб Саидаҳмад - сардори Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия;
АСЛАМОВ Бозоралӣ Сафаралиевич - ходими калони илмии Шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия;
БОЙЗОДА Ҷ.Ҷ. – дотсенти кафедраи Фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия;
АРИПОВ Анвар Лутфиллоевич - сардори кафедраи Амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети № 5-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия;
ҲАЛИМЗОДА Далер Обид - муаллими калони кафедраи Фанҳои ҷамъиятии факултети № 2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия;
СУЛТОНЗОДА В.И. - муаллими калони кафедраи Фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия ва
САИДЗОДА Толиб Шамсиддин - муаллими кафедраи Мурофиаи ҷиноятии факултети № 2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия, маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар суханронии ифтитоҳии хеш, Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло чунин иброз намуданд, ки имсол аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 33 сол сипарӣ мешавад ва дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томи он ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат менамоянд.
Қайд карда шуд, ки ҳамагон хуб дар ёд дорем, ки иқдоми қотеъонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди артиши миллӣ дар шароите гузошта шуд, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар оташи ҷанг месӯхт ва хатари нобудии сиёсӣ миллату давлатро таҳдид менамуд.
Маҳз, дар чунин шароити мураккаб ва мерос нагирифтан аз ҳукумати Шуравӣ, инчунин набудани базаи моддӣ-техникӣ, бахусус аз пояи сифр ба таъсиси артиши миллӣ заминаи ҳуқуқӣ ва амалӣ гузошта шуд.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди ҳама душвориҳо, роҳи тайнамудаи артиши кишвар як мактаби бузурги ҷавонмардӣ, садоқату самимият ба халқу Ватан ва Президент мебошад, ки тадқиқи сатҳи илмию академиро тақозо дорад.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат вазифаҳои бисёр ҷиддӣ, аз ҷумлаи муқовимат бо таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ба асосҳои истиқлол ва амнияти кишвар қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар яки мо хизматчиёни ҳарбӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Профессори кафедраи Ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир дар баромади худ, аз корномаи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ёдоварӣ намуда, зикр карданд, ки Артиши ҷавони мо, хусусан дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ, якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш намудани ошӯбҳои бадхоҳони миллату давлат, саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта, садҳо нафари онҳо дар ин ҷода, ҷони худро қурбон карданд.
Мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша ва хусусан, дар чунин рӯзҳои ҷашн гиромӣ медорем ва пайкори онҳоро барои насли ҷавони миллат ҳамчун намунаи қаҳрамонӣ истифода мебарем.
Ҳамзамон, дигар маърӯзачиён низ атрофи масоили муҳимми бунёди артиши миллӣ, ки бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат насиби мо гардида, имрӯз қувваи бузурги мудофиаи кишварро ташкил намуда, аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ҳифз менамояд, ибрози андеша намуданд.
Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори конференсияи мазкур бошад, зикр карда шуд, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаҳои илмии “Осори Академияи ВКД”, «Пайки оперативӣ», “Паёми Академияи ВКД”, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия», васоити техникӣ-ахборӣ ва умуман раванди таълим дарҷ гардида, ба таври васеъ истифода карда шаванд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...