Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РОҲБАРИ ҶАВОНУ СЕРТАРАДДУД ВА МАСЪУЛИЯТШИНОС

2546Имрӯз, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия НАСУРИЁН ПӮЛОД АСАДУЛЛО ҷашни МАВЛУД дорад!

Ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстон ва шогирдон МАВЛУДИ эшонро самимона табрик гуфта, барояшон тани сиҳату умри дароз, саодати рӯзгор, дастовардҳои намоёни хизматӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва тадқиқотиашонро ТАМАННО доранд!

ОМӮЗГОРУ ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ ҶАВОН. Ҳаёту фаъолият, давутозҳои педагогӣ, размандагиҳо ва амалҳои илмию тадқиқотии НАСУРИЁН Пулод Асадулло дар пеши назари банда ҷараён гирифта, инкишоф, такмилу такомул ёфтааст ва дар пеши чашмонам ҳамеша ҷилвагаранд.
Зеро, Ӯ курсанти курси якум буду ман дар ин муассиса оғози фаъолиятҳоямро шуруъ карда будам. Дар муддати ин солҳо шоҳиди ҳама пешравиҳо, тағйиротҳо будаму, ҳамнафаси он гаштаам.
Генерал-майори милитсия Пулод Асадулло бароям ҳам шогирду, ҳам ҳамкасби азизам маҳсуб мебошад, ки ҳаёти рангинаш аз соли 1994 то ба имрӯз дар ҳамин муассисаи олии тахассусии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

ШАРҲИ ФАЪОЛИЯТҲОИ ХИЗМАТӢ дар Академияи ВКД аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ҷавонмард дар ҳама вазифаҳои ин муассисаи таълимӣ кору фаъолият бурда, зина ба зина боло рафта, хелида шудааст ва дар ҳар нуқоти корӣ ва хизматӣ ба нозӯкиҳои маслаки интихобкардааш аз наздик дакка хурда талошҳо кардааст.

ПУЛОД АСАДУЛЛО курсанти таълимгоҳ, солҳои минбаъдааш омӯзгор, сардори кафедра, сардори факултетҳои №3 ва №4, сардори Шуъбаи таълими Академияи ВКД, муовини аввали сардори Академияи ВКД, сардори МТД Коллеҷи милитсияи ВКД ва аз соли 2024 то ба имрӯз дар вазифаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда, сарбаландона омада истодааст.

ДАР ҲАМА РИШТАҲОИ ФАЪОЛИЯТАШ ин ҷавонмарди серғайрат, корманду афсари масъулиятнок, содиқ ба касб, бовиҷдон ва ғамхор буданашро дар назди мақомот, ҳайати шахсӣ, хусусан омӯзгорон ва курсантону шунавандагон ва шогирдони сершумораш бараъло нишон додааст.
Дар тӯли солҳои сипаришуда аз дастоварду нокомиҳо, монеаву мушкилиҳояш огоҳ будам. Ҳамчун устод, роҳбару раҳнамудкунандаи кулли ҳайати шахсӣ ва аз ҷумла соҳибҷашн ҳам будам. Чаро, ки ҳама амалҳои бобарору нобарори зердастон дар маҷмуъ барои ҳайати роҳбарикунандаи корхона ҳама вақт ҳам боиси сарфарозист ва нокомиҳо бошанд, амалҳои вокунишонаест, ки мушкилиҳо ва ташвишҳоро ба миён меорад.
Ҳамдастӣ, ҳамраъӣ ва мудохилаи роҳбарон алалхусус дар чунин лаҳзаҳои ноумедӣ барои зердастон чун боду ҳаво зарур ва қобили таваҷҷуҳ буда, аз хираду идрок ва кирдору рафтори онҳо дарак медиҳад.
Ва танҳо гузашти солҳо хизмати содиқонаю софдилонаи кормандонро мавриди арзёбӣ қарор дода, хислату атвори корманд, (роҳбаронро) ба атроф, ё худ дар миёни коллектив бараъло инъикосгар аст.
Гузашти беш аз се даҳсола возеҳ нишон дод, ки генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло дар ҳама ҳолат истодагарӣ карда, пурбардошт шуд ва дар иҷрои амру маромҳои таълимгоҳ ва вазорати корҳои дохилӣ матонату мардонагӣ, садоқату фидокориашро нишон дод.

МУТАХАССИСИ СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪМУРӢ. Пулод Асадулло маҳз дар самти фаъолияти маъмурӣ ва мурофиаи маъмурӣ ном баровард, мутахассиси соҳа гашт, бо қадамҳои устувораш то тавонист корҳои мушаххасеро ба манфиати фан, мақомот, ҷузъу томҳо ба анҷом расонад.
Дар баробари иҷрои вазоифу уҳдадориҳои хизматиаш аълочии милитсия ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Насуриён Пулод Асадулло теъдоди беш аз 25 китобу монография ва рисолаҳо, беш аз 50 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, чандин дастурҳои методӣ, 18 барномаҳои таълимӣ, беш аз 180 таклифу пешниҳодҳо ба такмили қонунгузории ҷумҳурӣ ироа намуда, саҳми босазои худро дар омода намудани санаду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ оид ба сиёсати муҳоҷиратӣ ва ислоҳоти милитсия гузоштааст.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ се китоби дарсиеро ба чоп расонидааст, ки натанҳо мутааллимини Академия, балки донишҷӯёну мутахассисони дигар макотиби таҳсилоти олии самти ҳуқуқшиносии ҷумҳурӣ аз онҳо самаранок истифода мебаранд.
Ин воситаҳои таълимӣ масъалаҳои асосии назариявӣ ва амалии омӯзиши фанни таълимии “Фаъолияти маъмурии МКД”-ро баррасӣ намуда, баҳри пурра аз худ намудан ва дар оянда истифода намудани муқаррароти он дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд пешкаши хонандагон гардидаанд.

ҲАНГОМИ ТАДҚИҚИ РАВАНДИ МУҲОҶИРАТИ АҲОЛИИ Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллифи соҳа Насуриён Пулод Асадулло як қатор масъалаҳоро муайян намуда, ҳамчун оқибатҳои криминалии муҳоҷирати меҳнатӣ баромад кардааст.
Яке аз дастовардҳои муҳими тадқиқоти проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон он гашт, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳида, ки ҷавобгариро барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ пешбинӣ менамояд, ворид карда шудааст.

ДАР УРФИЯТ МЕГӮЯНД, КИ: “сарбаландиву соҳибэҳтиромии инсон ва шахс ба саъю кушиш ва талошҳои босамари ӯ вобаста аст!”. Дарвоқеъ, рафтору кирдор ва пиндори комил, меҳнати ҳалолу садоқатмандона ба маслак ва мақомот маҳбубияти шахсро боло бурда, ӯро саодатманд мегардонад.
Мартаботи рутбавӣ ва хизматии ин шахсият, ки дар пеши назарамон сипарӣ шуда истодааст аз он гувоҳӣ додааст, ки генерал-майори милитсия Насуриён Пулод маҳз бо туфайли камолоти маънавӣ, фидокориҳояш дар касби интихобкарда, ба баландиҳои маслак ва вазифаҳои масъули муассисаи таълимӣ сазовор гашта, соҳиби маъруфияти атрофон гаштааст.
Қалбу нияти пок, садоқат ба маслак, татбиқи саривақтии талаботу супоришҳо, санаду меъёрҳои мақомоти болоӣ эътибору мақоми ҳамкасби моро боло бурда сарбаланд гардонидааст.

ТАШВИҚГАРИ МИНБАРҲО. Вазоифу уҳдадории сардори Академияи ВКД хеле фаррох, масъулиятнок, шабонарӯзӣ буда талаботҳои зиёдеро бархурдор аст. Ва дар ҳама ҳолат САРДОР бояд намунаи дигарон бошад.
Таъиноти муасссисаи таълимӣ фаъолияти кормандону омӯзгоронро ба самти хизматӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, ташвиқотӣ ва тарғиботӣ ва ғайра ҷудо кардааст, ки барои ҳамагон онҳо меъёри асосӣ маҳсубанд. Ва дар ин ҷодаҳои масъулиятнок кормандони Академия шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Аз ҷумла, худи сардори Академияи ВКД низ пайваста аз минбари дастгоҳҳои ВКД, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, радио ва телевизион, дигар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо карда, дар ташвиқи Паёмҳои Сарвари Давлат, дастуру супоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ, дигар мақомоти болоӣ шахсан саҳмгузор мебошад.

АНДАРЗҲОИ ОЛИМ, ОМӮЗГОР, ТАРБИЯТГАР БАРОИ ҶАВОНОН
НАСУРИЁН МЕАФЗОЯД, КИ аз оғози соҳибистиқлолии кишвар дар самти дастгирии ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, қонун ва санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд.
Асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ташкил медиҳад.
Илова бар он стратегия, консепсия ва барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим гузоштаанд.

ҶАВОНОНРО МЕБОЯД ВА ЗАРУР АСТ, КИ асосҳои расидан ба арзишҳое чун истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромиро дарк намуда, ҷиҳати поядорӣ ва устувор нигоҳ доштани ин арзишҳо бетараф набошанд.
Барои дарки чунин арзишҳо ин табақоти ҷомеаро зарур аст, ки пайваста дониши худро вобаста ба таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои миллӣ ва ахлоқӣ ташаккул диҳанд.
ЗЕРО, ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, пост доштани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан, дарки баланди масъулиятшиносӣ, таҳамулпазирӣ, инсондӯстӣ, азхудкунии касб ва илмомӯзӣ, унсурҳои муҳимми ахлоқӣ, қалбӣ ва ботинии инсон мебошанд, ки дар натиҷаи омӯзиш ва баланд гардидани маънавиёт дар сиришти инсон ташаккул меёбанд.

АЗ ДИГАР ТАРАФ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР, ки раванди ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо, таҳдиду хатарҳои минтақа ва ҷаҳон, буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, экстремизму терроризм таъсир ба арзишҳои ахлоқиву умумибашарӣ, сулҳу оромӣ ва амнияту осоиштагӣ дорад, ташаккул додани худшиносиву худогоҳӣ ва тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ амри зарурӣ ва тадбири саривақтӣ мебошад.
Ба ин ҷавонмарди асил, ки дар айни авҷи камолот қарор дошта, дар самти ниҳоят мушкилу мубрами замони муосир: таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони ниёзи ҷумҳурӣ банд аст, дастовардҳо таманно намуда, барори фаъолиятҳояшонро хоҳонем.

ВА БОВАРӢ ДОРЕМ, ки Муассисаи тахассусии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон - Академияи ВКД, зери роҳбариашон ба дастовардҳои беҳтарин ноил гардида, ифтихори кулли МАҚОМОТАМОН хоҳад буд!

МАВЛУДАТОН МУБОРАК РАФИҚ ГЕНЕРАЛ!

НАЗАРЗОДА НОСИР-профессори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...