Масоили таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ
Таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ба ташаккули оилаи солим ва пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа мусоидат менамояд. Барои пешгирии ҳолатҳои бадрафторӣ донистани асосҳои тарбияи ахлоқӣ ва эстетикӣ дар муҳити оилавӣ хеле зарур ва маърифатнокии онҳо нақши муҳим мебозад. Бештари асарҳои мутафаккирони барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик, ки роҷеъ ба масъалаҳои одаму одамгарӣ бахшида шудааст.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16-уми декабри соли 2025 ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, иброз доштанд, ки: «Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд. Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем. Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад» (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16-уми декабри соли 2025 [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ: khovar.tj›2025/12/payomi-prezidenti-um-urii-to-…(санаи муроҷиат: 15.02.2026).
Инкишофи ҳаматарафаи шахс дар ҷомеа, пеш аз ҳама ба тарбияи ахлоқӣ дар муҳити оилавӣ вобастагии зич дорад. Муҳити оилавӣ ва аъзои он дар тарбияи ахлоқии шахс нақши бузург мебозад. Хусусиятҳои ахлоқии шахс ба талабот, мақсад, ҳиссиёт ва таассуроти инсон вобаста буда, онро муҳити оилавӣ ташаккул медиҳад. “Дар байни шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ахлоқ ҷойгоҳи махусро дар фарҳанги инсоният доро мебошад. Аз лиҳози таърихӣ он яке аз аввалинҳо шуда, чун танзими иҷтимоӣ барои амалкарди фардҳо ҳамчун умумияти асосӣ ба вуҷуд омадааст” (Иванов В.Г. История и этики древного мира. - Ленинград: ЛГУ,1980. - С.5.)
Дар инкишофи ахлоқии тамаддуни инсонӣ намояндагони илму адаби тоҷик, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Низомулмулк, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон саҳми бузург гузоштаанд.
“Мафҳуми “тафаккури педагогӣ” дар ҳар як халқи мутамаддин ба осори фарҳангии он зич пайваст мебошад. Халқи тоҷик дар ин ҷо истисно нест, ки дар таърихи фарҳангӣ ва маънавии халқҳои эронӣ ҷойгоҳи сазовори худро ишғол менамояд” (Анталогия педагогической мысли таджикского народа. - Душанбе: Матбуот,2009. - С.3.)
Бештари асарҳои намояндагони барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик, ки роҷеъ ба масъалаҳои одобу ахлоқ, адолату некӯкорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, мардию ҷавонмардӣ, донишу амал - ҳамаи намудҳои тарбия ва фазилатҳои неку бади инсонӣ дахолат намудаанд, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Чунончи, «Тадбири манзил», «Шифо», «Урҷуза фит-тиб», фаслҳои аввали «Ал-қонун»-и Ибни Сино, «Саодатнома»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1088), «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (1203/8-1292), «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва дигарон. Ҳамчунин, дигар шоҳасарҳои хоси парвариши панду ахлоқи ниёгон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус (1020-1099), «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, ки соли 1235, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Девонӣ, ки соли 1475, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки солҳои 1500-1501 таълиф ёфтаанд, дар тарбияи хонаводагии аҳли ҷомеи кишвар аҳаммияти калон доранд. Баъзеи ин асарҳо давоми асрҳо ҳамчун дастури тадрисӣ ва дар хонаводаҳо, бахусус барои волидайн ҳамчун василаи тарбияи кӯдакон истифода шуда омадаанд.
Бояд гуфт, ки классикони адабиёти форсу тоҷик ҳамеша ҷамъияти адолатпаноҳу беистисморро орзу мекарданд ва билохира итминон доштанд, ки оқибат дар ҷомеа ақлу хиради инсон ва адолат тантана мекунад. Аз ҷумла, Абуалӣ ибни Сино (980-1037) оид ба тамоми намудҳои тарбия фикрҳои муфид пешгӯӣ кардааст, ки имрӯз ба дарди касби педагогӣ низ даво аст. Аз онҳо фақат чанд лаҳзаи марбутро зикр кардан кифоя аст, ки бо гуфтаҳои боло ҳамоҳангӣ доранд. Ибни Сино тарафдори таълими тафриқа буд. Дар рисолаи «Тадбири манзил» навиштааст: «Устод бояд бидонад, ки наметавонад ба ҳар шогирд ҳар санъатеро таъмин кунад, балки дар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омӯхтан ва фаро гирифтани саноати махсусро доранд. Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш саноат омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи номатлуб медиҳад».
Мутафаккири бузург алайҳи таълими инфиродӣ таълими гурӯҳиро, ки дар замони мо маълум ба таълими коллективист, ташвиқ мекард. Ибни Сино калимаи «синфро» ифода накардааст, вале ифодаи «таълими гурӯҳии» вай маънои «дарси синфии» баъди 700 соли гузаштааш дар Аврупои ғарбӣ арзи вуҷуд намуда мебошад. Хоҷа Насуриддини Тӯсӣ (1218-1293) дар «Ахлоқи Носирӣ» фикри Ибни Синоро тақвият дода, «табиати кӯдак ва сиришти ӯро» ба назар гирифта, менависад: «Беҳтар ва шоистатар он аст, ки ба табиати кӯдак, назар ва тариқи фаросату зиракии ӯ эътибор диҳанд ва донанд, ки истеъдод чӣ навъ илму ҳунарро барои ёд гирифтан дар ниҳоди ӯ сиришта бошад, ӯро ба он навъи ҳунар машғул гардонанд. Зеро ҳама кас ба ёд гирифтани ҳама чизҳо истеъдод надорад».
Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Тавре медонем, ин мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2017-ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда буданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ бояд донанд. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст. Вобаста ба ин «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидаанд. «Дар ҳамин замина, барои тарбияи шоистаи ҷавонон бояд ба пайдарҳамии марҳилаҳои ин раванд аҳаммият дод. Ин нукта дар Консепсияи миллии тарбия низ дарҷ гардидааст. Ба таъкиди мутахассисон, панҷ марҳилаи зерини тарбия вуҷуд дорад: - марҳилаи аввали тарбия аз оила оғоз меёбад. Дар ин марҳила фарзандон аз падару модари худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиашонро меомӯзанд, аз мафҳумҳои нахустини деҳа, ноҳия, шаҳр, Ватан, миллат ва ғайра бохабар мешаванд; - марҳилаи дувуми тарбия дар муассисаҳои томактабӣ идома ёфта, мураббиён дар таҳким бахшидани сифатҳои аввалини миллӣ бо истифода аз дастовардҳои педагогикаи миллӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳанд; - марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад; ба тайёрии касбии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи инсон боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад» (Сиёсати давлатии ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ: http://www.kmt.tj›siyosati-davlatii-javonon-dar-payomi-… ( санаи муроҷиат: 23.12.2025).
Тарбия аз муҳити оилавӣ оғоз гардида, ба тарзи дурусти фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ тайёрии касбии ҷавонон, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки волидайн нисбати ҷавонон бетараф бошанд. Гарчанде ҷавонон ба касбу ҳунарҳои гуногун машғул мешаванд, лекин боз ба муҳити оилавӣ бармегарданд.
«Омилҳои таъсиррасон ба шахс аз кӯдакӣ то ҷавонӣ, ба андешаи мутахассисон, инҳо ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд: якум, ин муҳити хурди иҷтимоии оила, ки аз арзишҳои иҷтимоӣ ва зиддиятҳои ҷаҳони муосир иборат аст. Дуюм, ин муҳити берунаи оилавӣ, ки иҷтимоикунонии шахсро тарбия менамояд. Сеюм, тарбияи оилавӣ, ки бояд ба маҷмуи таъсири мақсадноки педагогӣ пайваст бошад» (Ковалев С.В. Психология современной семьи. - М.: Просвещение, 1988. - С.18.)
Ҷавонӣ - давраи болиғшавии фаъоли иҷтимоӣ, васеъшавии доираи муносибатҳои байнишахсӣ маҳсуб меёбад. Маҳз дар давраи ҷавонӣ дӯстию рафоқат, ҳамдардӣ, дилбардорӣ ва таҳаммулпазирӣ, эҳтироми дигарон дар муҳити оилавӣ ташаккул меёбад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар чунин зикр намудаанд: «Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад. Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем. Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16-уми декабри соли 2025 [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ: khovar.tj›2025/12/payomi-prezidenti-um-urii-to-…(санаи муроҷиат: 15.02.2026).
Ализода А.Ш.,
муовини аввали сардори Академияи ВКД ҶТ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
полковники милитсия







































































































































































