АРТИШИ МИЛЛӢ - ПОСДОРИ АМНУ СУБОТИ КИШВАР
Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии кишварамонро дар фазои орому осудаи Ватан ва бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил менамоянд.
Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол 33 сол сипарӣ мешавад ва дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат карда истодаанд.
Бо ин мақсад имрӯзҳо дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Академияи он, бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, чорабиниҳои идона ботантана ҷараён доранд.
Мусаллам аст, ки таъмини амнияту тартибот, ҳифзи марзу бум, тамомияти арзӣ ва таъмини сулҳу субот аз муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки давлату миллатҳои ҷаҳон пайваста барои расидан ба онҳо талош меварзанд.
Миллати тамаддунофари тоҷик аз зумраи чунин мардумони огоҳ ва соҳибхиради ҷаҳон аст, ки аз гузаштаи таърих то ба имрӯз барои дар пояи адлу инсоф ба роҳ мондани тартиботу амният ва ҳифзи давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замон, таҷрибаи баланди артишдориро боқӣ гузоштааст.
Албатта, барои комёб гардидан дар ин ҷода, таъсиси Артиши миллӣ ва ба талаботи имрӯзи ҷомеа мутобиқ намудани он хеле муҳим мебошад. Зеро ҳеҷ як кишвар бе мавҷудияти артиш аз уҳдаи ҳифзи марзу бум ва сарзамини муқаддаси аҷдодӣ баромада наметавонад. Ҳақ ба ҷониби шоир мебошад, ки фармудаанд:
То бихобад миллате осуда дар болини ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.
Воқеан, таҷрибаи лашкардорӣ дар низоми давлатдории миллии мо аз умқи таърих сарчашма гирифта, ғояҳои баландмазмуни тақвиятдиҳандаи эҳсоси ватандорӣ ва ҳифзи марзу бум аз таҳдиду хатарҳои душманони миллат меҳвари асосии низоми ҳарбии моро ташкил медод.
Оид ба иқтидори баланди санъати ҳарбии давлатҳои ташкилнамудаи аҷдодони мо, аз ҷумлаи Пешдодиёну Каёниён, Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён асарҳои зиёди таърихию ҳунари артишсолорӣ офарида шудаанд.
Мисоли равшани суханони мазкур иқтидори ҳарбӣ ва нерӯи мудофиавии Сомониён буда метавонанд. Дар замони давлатдории миллии тоҷикон - Сомониён, таъмини гвардияи шоҳӣ ва ташкили ҳамаи корҳои ҳарбӣ дар ихтиёри девони «Соҳиб-уш-шурот» вогузор шуда буд. Ҳамзамон, дар назди девони мазкур конселярияи махсус - «Девони арз» ба хазинаи қӯшун ва ҷараёни пардохти маоши низомиён, интизоми лашкар, сарулибоси ҷангӣ ва таъмини озуқаворӣ роҳбарӣ мекард.
Масъалаи дигаре, ки далели таҷрибаи артишдорӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ барои аҷдодонамон баромад менамояд, ҳамосаи сатҳи ҷаҳонии мо тоҷикон - «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки «Шоҳнома»-ро вобаста ба мавзуи асосии он «Ҷангнома» номидаанд ва ин қиёс ба он хотир хоҳад буд, ки ин ҳамосаи сатҳи ҷаҳонӣ саропо ифодагари далерии аҷдодони мо буда, аз онҳо даъват шудааст, ки бар зидди бегонагон, яъне душманон дар мавқеи мубориза қарор дошта бошанд. Тасвири набард дар корзори Фирдавсӣ чунон устокорона суханварӣ шудаанд, ки ин ҳунари шоир гувоҳӣ аз огаҳии ӯ перомуни масъалаҳои низомист.
Муҳтавои асосии «Шоҳнома» аз оғоз то анҷом фарогири ҳарфи сулҳу оштӣ, ҳарбу зарб мебошад ва дар паҳлуи он аз равиши ҷангу мубориза ва чорасозии паҳлавонони майдон ҷиҳати барканор сохтани душман низ дарак медиҳад.
Замони Фирдавсӣ даврае буд, ки мавҷудияти давлати Сомониёнро ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ ва муборизаҳои байнихудии дохилӣ зери хатар мегузоштанд. Дар чунин шароит ғояҳои ҳимояи Ватан, садоқат ба он, муттаҳидшавӣ, қаҳрамонӣ ва далерӣ, ки дар «Шоҳнома» инъикос ёфтаанд, аҳамияти калони ватанпарварӣ доштанд. Маҳз чунин паҳлуи муҳимми ин ҳамосаи безавол мебошад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро хонаводагӣ намуданд. Албатта, ба ҳар як оила ройгон тақсим намудани ин шоҳкории таърихӣ, далели возеҳи шаҳомату бузургии он буда, ҳастии миллату давлат ва таъриху маънавиёти миллии мо - тоҷиконро ҳазорсолаҳо ҷовидон нигоҳ медорад.
Қайд намудан зарур аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Ҳукумати мамлакат ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд, вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шуруъ гардид.
Санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон карда шуд.
Зикр намудан зарур аст, ки Артиши ҷавони Тоҷикистони азиз, хусусан, дар солҳои душвору фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ, якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои бадхоҳони миллату давлат саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштаанд.
Хосатан мехоҳам қайд намоям, ки дар рафти муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба хотири оромиву суботи Тоҷикистон ҷони худро қурбон кардаанд, ки мо садоқату корнамоӣ ва номи некашонро ҳамеша ва хусусан, дар чунин рӯзҳои ҷашн гиромӣ медорем ва кору пайкори онҳоро барои насли ҷавони миллат ҳамчун намунаи қаҳрамонӣ истифода мебарем.
Бо фармону дастурҳои оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 июли соли 1993, таҳти №296-13 қароре ба тасвиб расид, ки тибқи он сохтор ва тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайяну мушаххас сохт. Инчунин, зимни ин қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Дастгоҳи Марказии Вазорати мудофиаи кишварамонро тасдиқ намуд.
Дар рафти таъсисдиҳӣ зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мазкур ба миён омад, ки Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми августи соли 1994 ин масъаларо аз сари нав мавриди баррасӣ қарор дода, сохтор ва тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти вазъияту шароити муосир зимни қарори №440-9 мутобиқ гардонида, тағйиру иловаҳо ворид намояд. Тибқи санади мазкур, сохтори роҳбарият, Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Артиши миллии кишвар мушаххасу муайян карда шуд.
Ҳамзамон, батадриҷ мақомоту хадамот, раёсату шуъбаҳои роҳбарикунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис ва ташаккул ёфтанд. Дар асоси сохтори тасдиқгардида, барои такмили мудофиавии нерӯҳои хушкигард, ҳарбии ҳавоӣ, ҳимояи зиддиҳавоӣ, бригадаи зарбазани десантӣ, бригадаҳои таъйиноти махсус, тӯпчиён, раёсатҳои тиббию ҳарбӣ, кимиёвӣ, сохтмонӣ, муҳандисӣ, алоқа, кашшофии ҳарбӣ ва ғайра таъсис дода шуда, ба фаъолият шуруъ намуданд.
Заминаи аввалияи ташкили Артиши миллӣ бо таъсиси Бригадаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҷмуи вазифаҳояш ҳамчун нахустсохтори он 5-уми декабри соли 1992 ташкил карда шуд.
Артиши миллии Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккулёбии худ се марҳиларо паси сар кардааст, ки марҳилаи аввал бо ташкил намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, сафарбар намудани кадрҳои тахассусӣ, марҳилаи дуюм бо бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷобаҷогузории онҳо ва марҳилаи сеюм бо таҳкиму тақвияти он вобаста мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори сулҳу ваҳдат, алалхусус бунёдгари Артиши миллӣ мебошанд, дар зарфи 33 сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ ва таъмингари суботу оромии кишвар табдил ёфтаанд. Аз ҷумла, ҳайати шахсии Артиши миллӣ имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати Ватан-Модарро анҷом дода истодаанд.
Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хосатан сохторҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми милливу давлатӣ вазифаҳои бисёр ҷиддие аз ҷумлаи муқовимат ба терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши силоҳ ва дигар таҳдиду хатарҳо қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Мо - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва умуман ҳар як хизматчии ҳарбиро дарк намудан зарур аст, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манофеи давлату миллат мебошад.
Боварии комил дорем, ки мо - кормандани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди хеш ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва Президенти худ бо сарбаландӣ иҷро менамоем.
Насуриён Пулод Асадулло,
сардори Академия,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия







































































































































































