Хатми курсҳои такмили ихтисос дар самти фаъолияти маъмурӣ бо нозирон ва нозирони калони минтақавии РҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД
Дар Паёми навбати худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 16 январи соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти омӯзгоронро баланд бардоштан қайд намуданд.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар асоси речаи таълимии тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., аз 25 сентябри соли 2025 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос дар самти фаъолияти маъмурӣ бо нозирон ва нозирони калони минтақавии РҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январ то 3 феврали соли 2026 гузаронида шуд.
Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён П.А., бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ин соҳа намояндагони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин олимон, омӯзгорони пуртаҷрибаи Академия ва кафедраҳои тахассусиро барои гузаронидани машғулиятҳо сафарбар намуданд.
Баъди хатми курси мазкур аз тарафи сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён П.А. ва сардори факултети №3 полковники милитсия Мирзозода Э.Э.. ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳо дода шуданд.
Сардори кафедраи
такмили ихтисос
полковники милитсия Маъруфиён Б.М.







































































































































































