ҶАШНИ САДА – МЕРОСИ ПУРҒАНОВАТИ НИЁГОН
Дар таърихи ҳар як халқу миллат ҷашнвораҳое мавҷуд мебошанд, ки муаррификунандаи таърих ва фарҳанги он мебошанд. Миллати куҳанбунёди тоҷик низ дорои ҷашну маросимҳои миллие мебошад, ки аз умқи таърихи аҷдодӣ ба мо мерос мондаанд.
Дар илми мардумшиносӣ, ҷойгоҳи ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун арзиши баланди маънавӣ эътироф гардида, дар рушд ва ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда доранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намудаанд, ки: «ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги миллат сарчашма мегирад».
Боиси тазаккур аст, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ, марҳалаи нави эҳёи фарҳанги миллӣ оғоз гардид. Бояд қайд намуд, ки тоҷикон миллати фарҳаннгӣ мебошанд ва бо осори илмӣ ва фарҳангии худ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардидаанд.
Мо ҳамчун миллати ориёӣ, дар муқовимат бо падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, тавонистем, ки фарҳанг ва суннатҳои миллии худро натанҳо ҳифз намоем, балки онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудем.
Возеҳ аст, ки бо таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ҳамасола чандин фарҳангу забонҳо аз байн рафта истодаанд.
Бо дарназардошти мавҷудияти чунин омил, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи фарҳангу суннатҳои миллиро яке аз муҳиммиятҳои мавҷудияти давлату миллат пиндошта, тадбирҳои мушаххас дар ин замина роҳандозӣ намудаанд.
Дар миёни ҷашнҳои миллии тоҷикон, Сада мақом ва манзалати хос дорад. Тамаддуни ориёӣ дар масири таърих чандин ҷашну маросимҳоро мерос гузоштааст, ки дар байни онҳо ҷашни Сада фалсафаи хоси иҷтимоӣ ва кайҳоншиносӣ дорад.
Ба ақидаи мутафаккири тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ, Сада ин ҷашнест, ки дар байни ориёитаборҳо сад рӯзу шаб то оғози Наврӯз таҷлил мегардад.
Умуман вожаи Сада дар сарчашмаҳо бо маъноҳои гуногун омадааст. Яке шумораи Сад ва дигаре маънои тулӯи офтобро дорад. Чунин маънӣ дар китоби «Авесто» зикр гардидааст. Ҷашни Сада дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ мутобиқ ба 30-юми январи тақвими мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин рӯз мардуми ориётабор ба ҳам омада, оид ба тулӯи хуршед ва омадани фасли баҳор дарак медоданд. Аз нигоҳи кайҳоншиносӣ ҷашни Сада ҳамчун омодагӣ ба фасли баҳор, хело дақиқ аст.
Дар асоси ривоятҳои мардумӣ, гӯё дар ҷашни Сада хуршед тавлид меёбад ва ба инсонҳо гармӣ ва рӯшноӣ медиҳад. Ба ин маъно, мо гуфта метавонем, ки ҳикмати ҷашни Сада, ин як навъ муборизаи рӯшноӣ ба зулмот, некӣ бар бадӣ ва гармӣ бар сардӣ мебошад.
Боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки ҷашни Сада аз ҷониби шарқшиносони маъруфи сатҳи байналмилалӣ, бахусус Брагинский И. ва Бертелс Е. мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор гирифтааст.
Дар солҳои истиқлоли давлатӣ бошад, олимони маъруфи тоҷик аз қабили Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ, Ҳазратқулов М., Равшан Раҳмонӣ ва дигарон дар ин самт таҳқиқоти илмӣ бурда, арзиши фалсафии онро ба доираҳои илмии сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.
Истиқболи ҷашни Сада, дар шароити муосир василаи муҳимми худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат, ки иброз медорад:
«Ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму оинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст. Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодиву сурур ба ғаму андӯҳ, гармо ба сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ, рамзи асосии ин ҷашн мебошад».
ҶАШНИ ИДИ САДА БАР КУЛЛИ ҲАММИЛЛАТОН МУБОРАК БОШАД!
НАСУРИЁН ПУЛОД АСАДУЛЛО, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия







































































































































































