Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси масоили мактаб ва маориф дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

2513Дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои паҳлуҳои гуногуни соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, муҳимтарин самте, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 зикр гардид, рушди мактабу маориф ва илми кишвар мебошад. Возеҳ аст, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус, соҳаи маориф дар сиёсати давлату Ҳукумат афзалият дошта, низоми муътадил ва рушду нумӯи давлату миллат ба он бастагӣ дорад.
Мусаллам аст, ки мактабу маориф чун ниҳоди муҳимтарини иҷтимоӣ, диққати доираи васеи сатҳи давлатӣ, ҷомеаи байналмилалӣ, коршиносону муҳаққиқон ва олимонро ба худ ҷалб кардааст. Зеро, роҳи наҷот аз буҳрон­ҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оваранд, маҳз ба низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобаста мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди рӯзаф­зуни мактабу маориф ва мутобиқ ба стандартҳои низоми таҳсилоти бай­нал­милалӣ сохтани ин бахшҳо диқ­қати аввалинда­раҷа дода, соҳаи мазкурро самти афзалиятнок ва заминаи бунёди давлатдории миллӣ арзёбӣ намудаанд. Бо ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи мактабу маориф ва илм, сатҳу сифати дониш­омӯзии хонандагону дониш­ҷӯён дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба соҳаи мактабу маориф ва илм афзалият медиҳанд ва ин матлаб дар аксари суханрониҳо, суҳбату вохӯри­ҳои сатҳи милливу байналмилалӣ, бахусус ҳангоми ироа гардидани Паёми хеш ба мақоми олии қонунгузори кишвар баён мегардад. Бо назардошти муҳиммияти масъалаи мазкур, ҳанӯз дар Паёми соли 2021 Пешвои муаззами миллат чунин таъкид кардаанд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷти­моии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.
Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯ­зиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад»
Пешвои муаззами миллат муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сиёсати дохилии кишвар дар соҳаи мактабу маориф ва илм, Паёми навбатии хешро аз эҳтирому эътимоди беназирашон нисбат ба мактабу маориф ва аҳли илму адаб оғоз бахшиданд. Аз ҷумла, иброз намуданд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалин­дараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».
Инчунин, Сарвари давлат аз вазъияти мушкили ҳаёту фаъолияти аҳли имлу маориф дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ёдрас гардиданд.
Сарвари давлат хуб дарк менамоянд, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳои тақдирсоз танҳо мактабу маориф ва илм заминаҳои боэътимоди пешрафту тараққиёт, ташаббускориву созан­дагӣ, сулҳу амният ва ватандӯстиву меҳанпарастиро фароҳам месозанд. Аммо, барои гузоштани пояҳои устувор дар ин самт нақши сиёсатмадорони асил, абармардони нексиришт ва бонангу ор хеле бориз аст, зеро танҳо бо шарофати онҳо рӯҳияи миллат шикастнопазир гардида, аз шаби зулмат ба сӯйи саодати ҷовидона камари ҳиммат мебандад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз чунин абармардони дарёдил, зирак, ҷавон ва дурандеш мебошанд, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳои алангаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта такя ба аҳли илму маориф ва мутахассисони касбӣ карданд. Аз ҷумла, ҳангоме ки теъдоди зиёди олимон обу нон надоштанд, ҳамарӯза ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдидҳои ҷиноятӣ сурат мегирифт ва дар буҷаи давлат ягон маблағи пулӣ набуд, барои олимони Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон ба маблағи 100 доллари амрикоӣ (ҳармоҳа) маблағи иловагӣ муқаррар намуда, ҷиҳати таъмини амнияти ҳаёт ва саломатии онҳо чораҷӯӣ карданд.
Ин фарзанди фарзодаи тоҷик хуб дарк менамуданд, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз мактабу маориф ва илми пешрафта вобаста аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ба соҳаи мактабу маориф ва илм диққати махсус зоҳир карда, миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат берун кашиданд.
Маблағгузории ин соҳаҳои ка­лидӣ мунтазам зиёд гардида, ҳар сол ҳаҷми умумии он ба беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ расид, ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва эҳтирому эътибори олимону омӯзгорон рӯз то рӯз боло рафта, ҷойгоҳи созандаро касб кард. Аз ҷумла, барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 14 миллиард сомонӣ пеш­бинӣ гардидааст, ки нисбат ба даҳ соли қабл, панҷуним баробар зиёд мебошад.
Таърих собит месозад, ки таҳав­вулоти бунёдӣ дар фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ ва рушду такомул ёфтани тафаккури миллӣ бо кору пайкори олимону омӯзгорони асилу касбӣ пайвастагии амиқ дорад. Зеро зиндаву ҷовид мондани фарҳанги миллӣ, забони тоҷикӣ, ҳифзи давлату миллати тоҷик, маҳз бо номи нек ва фаъолияти самарабахши мактабу маориф алоқаманд аст.
Пешвои муаззами миллат ба аҳли илму маориф паём доданд, ки «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳу­нар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Пешвои муаззами миллат дар паёмҳои қаблии хеш низ ба масоили мактабу маориф ва шахсияти омӯзгор диққати махсус дода, аз ҷумла қайд намудаанд, ки «…мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022, шаҳри Душанбе).
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб, аҳли илму маориф, алалхусус омӯзгорро чун шахси мафкурасози миллат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсозу душвор ва ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти ҷамъиятӣ аз фикру ақида, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои онҳо самаранок истифода менамоянд.
Бояд иброз намуд, ки мактаб бузургтарин даргоҳи маърифат аст, ки дар остонаи хеш абармардони сатҳи милливу ҷаҳониро барои ҷомеа тарбия менамояд. Мактаб даргоҳи муқаддас мебошад, ки дар боргоҳаш қадам гузоштан инсонро барои шинохти шахсияти худ водор намуда, худшиносиву худогоҳии миллӣ, садо­қату самимият, вафодорию ҷа­вон­мардиро дар замири инсон ба вуҷуд меорад.
Маҳз дар мактаб андешаи солим ташаккул ёфта, илму адаб ва фар­ҳангу маърифат устувор гардида, шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки заминаи асосии пойдории соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя расида, фарҳангу илму адаб дар замири онҳо падид меояд. Яъне, чунин рисолати муҳим аст, ки мақому манзалати онро дар ҷомеаи инсонӣ боло бурдааст.
Ниёгони мо, тоҷикон аз давраҳои бостон то ба имрӯз, баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот, ба қадри илму дониш ва мактабу маориф мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии инсон арҷ мегузоранд. Тоҷикон, ҳамчун миллати соҳиб­та­мад­­дун, дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Далели суханони мазкур мавҷудияти Академияи Гунди Шопур аст, ки дар замони Сосониён, муддати 300 сол маркази илму тамаддуни ҷаҳониён ҳисоб меёфт.
Рисолат ва масъулияти мактаб, чун ниҳоди тафаккурсози ҷомеа дар замони муосир хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Чунки раванди босуръат инкишофёбандаи ҷомеа, бархӯрди ман­фиатҳои қудратҳои минтақавию ҷа­ҳонӣ, доман паҳн намудани зуҳуроти номатлуби муосир ба монанди терроризм ва ифротгароӣ, таассубу хурофот, бегонапарастӣ ва дигар падида­ҳои хавфнок, низоми мукаммали идоракунии субъектони муқо­вимат­кунандаро тақозо дорад, ки яке аз муҳимтарини онҳо мактабу маорифи миллӣ мебошанд.
Возеҳ аст, ки тавассути рушди илм, мактабу маориф ва фарҳанг кишварҳо метавонанд дар муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа истодагарӣ намоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ ва умуман пойбанди хурофоту таассуб, бегонапарастӣ ва дигар чунин амалҳои номатлуб гардидани бархе шаҳрвандони Тоҷикистон, паст будани маърифату фарҳангӣ мебошад, ки дар ин ҷода, пеш аз ҳама мактаб метавонад нақши созгор дошта бошад. Тибқи таҳлилҳо, аз доираи шахсони шомилгардида ба гурӯҳҳои тер­рористӣ ва экстремистӣ 8-10% дорандагони маълумоти олӣ, 13-15% дорои маълумоти олии нопура ва миёнаи махсус ва 78-80% онҳо бошанд, маълумоти миёнаи умумии нопурра доранд. Вобаста ба синну соли чунин шахсони дар задухӯрдҳои мусалла­ҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ, метавон зикр намуд, ки 87,22% онҳоро ҷавонони аз 18 то 35-сола ташкил медиҳанд. Миёни онҳо синну соли аз 22 то 26-сола бошанд, 35,19%-ро ташкил медиҳанд, ки дар ҳақиқат, аз надоштани донишҳои казоӣ, сатҳи пасти таълими мактабӣ ва тарбияи хонаводагӣ дарак медиҳад.
Омили динӣ низ дар раванди ҷалб гардидани баъзан ҷавонон ба доираи фиреби чунин гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ хеле васеъ ва манфиат­ҷӯёна истифода мегардад, ки ҳоди­саҳои баамаломада дар солҳои охир далели возеҳи гуфтаҳои мазкур мебошанд.
Бо назардошти андеша­ҳои баёнгардида, метавон хулоса намуд, ки мактабу маориф аз лиҳози тафаккури стратегӣ омили муҳимми таъминкунандаи амнияти давлат буда, нерӯи тавонои муқовиматкунанда ба тафаккури ифротгароӣ, террористӣ, хурофоту таассуб, бегонапарастӣ ва дигар чунин падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошанд (Раҳимзода Р.Ҳ. Муҳиммияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар. Монография –Душанбе: ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2024. С.91).
Дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, ки дар Паём ироа гардиданд, аз аҳли илму маориф тақозо менамояд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, пажуҳишҳои илмии манфиатпазир ва тақвият додани худшиносии миллӣ, аз ҳарвақта дида бештар таваҷҷуҳ намоем. Зеро яке аз роҳҳои муассири муқовимат ба хурофот ва бегонапарастӣ босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибмаърифат кардани ҷавонон мебошад (Раҳимзода Р.Ҳ. Паёми Пешвои миллат муҳимтарин омили таҳкими низоми сиёсӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ // Ҷумҳурият. Аз 29 декабри соли 2025. №249 (25 365).
Таъкид ба пешрафти илму техника, аз ҷумла: аз офтоб истеҳсол кардани барқ; истифодаи васеи зеҳни сунъӣ; технологияҳои муосири иттилоотиву телекоммуникатсионӣ; омӯ­зиши пиряхҳо; забонҳои хориҷӣ; фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ; аҳли илму маорифро водор месозад, ки барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот ва пажуҳишҳои илмӣ камари ҳиммат банданд.
Дастури Роҳбари давлат вобаста ба омӯзиши бурду бохти низоми кредитии таҳсилот, ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон ва пурра аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аҳли илму маорифро водор месозад, ки вобаста ба механизми баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ таклифу пешниҳодҳои судманд манзур намуда, барои рушди ин самт чораҳои муассир андешанд.
Бояд зикр намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат вобаста ба таҳкими заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва тамаддуни миллӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарварӣ шаҳодат медиҳад. Маҳз бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон тақсим карда шуд.
Зеро асарҳои мазкур маълумоти зарурии илмиву адабӣ, таърихиву сиёсӣ ва фарҳангиро вобаста ба таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик дар бар дошта, барои худогоҳиву хештаншиносӣ ва пойдору бегазанд нигоҳ доштани давлату миллат сарчашмаҳои илмии бунёдӣ маҳсуб меёбанд.
Амалӣ намудани ташаббусҳои Сарвари кишвар далели раднопазири таъриху фарҳанги шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва зиндаву ҷовид нигоҳ доштани он мебошад. Зеро миллат як ҷомеаи таърихан пойдор ва устувори одамон аст, ки дар заминаи як забон, қаламрав, ҳаёти иқтисодӣ ва сохтори равонӣ ба вуҷуд омада, таъриху фарҳанги умумӣ зоҳир мешавад. Аз байн рафтани ҳадди ақал яке аз ин нишонаҳо боиси аз байн рафтани миллат мегардад. Танҳо мавҷуд будани ҳамаи нишонаҳо дар якҷоягӣ ба мо миллати воҳидро мебахшад.
Боиси саодат ва сарфарозии миллати тоҷик ва тоҷикистониён мебошад, ки сарфи назар аз печидагиҳои вазъи сиёсӣ ва буҳронии ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони биҳиштосои мо зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди рӯзафзуни ҷомеа ва давлат собитқадамона пеш меравад.
Бо назардошти имкониятҳои даст­ёбгардида ва бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат дар Паём дарҷ гардид, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегиранд, аҳли мактабу маориф, зиёиёну равшанфикрон ва ҷомеаи Тоҷикистонро водор месозад, ки ҷиҳати мутобиқсозии низоми маорифи кишвар ба талаботи муосир ва омода намудани кадрҳои содиқ ба миллату давлат бештар саъю талош намоем.
Насуриён Пулод Асадулло,
сардори Академияи ВКД ҶТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...