ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АКАДЕМИЯИ ВКД БО ПАДАРУ МОДАРОНИ КУРСАНТОН
Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва баррасӣ намудани масъалаҳои раванди таълим вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД бо волидайни курсантони курси 3-юми факултети №2-и Академияи ВКД баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ализода А.Ш., ҳусни оғоз бахшид.
Дар муқаддимаи баромадашон ташрифи волидонро ба даргоҳи таълимӣ хайра мақдам гуфта қайд намуданд, ки баланд бардоштани савияи дониши курсантону шунавандагон пайваста зери назари роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Академия дар замони Истиқлоли давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра дар тарҳи наву замонавӣ бо тамоми таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ сохта ба истифода дода шуд.
Имрӯз тамоми шароити зарурии раванди таълим таъмин мебошад. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таълимӣ дар тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ нақши созгор дорад.
Инчунин аз ҷониби сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. оид ба давомоти курсантони курси 3 факултети №2 ба самъи волидайн маълумот расонида шуд.
Дар давоми вохӯрӣ, бархе аз волидайни курсантон ба сухан баромада ба роҳбарияти Академияи ВКД барои таълиму тарбия ва ташкили чунин вохӯриҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар охири чорабинӣ ба волидайни курсантоне, ки бо баҳои хубу аъло дар Академия таҳсил намуда, дар чорабиниҳои сатҳи гуногун фаъолона ширкат варзиданд аз ҷониби сардори Академия «Сипоснома» тақдим карда шуд.
С.Н.Сафарзода майори милитсия







































































































































































