Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҒАМХОРИИ НЕКХОҲОНА

2494Ҳамасола, дар арафаи ҷашнҳо: Соли нав, Наврӯз, Рӯзи модар, Артиши миллӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи милитсия ва ғайра роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони ятими кул, онҳое, ки аз як волидайн маҳруманд, бо кӯмакҳои моддӣ ва пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
2495Рӯзи гузашта низ аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД ба чунин минвол ба курсантон кӯмакҳо расонида шуд. 2496Бояд иброз намуд, ки ин табақаи курсантон дар ҳама факултетҳои муассисаи мазкур тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар зери таваҷҷуҳ қарор дошта, то хатми таълимгоҳ ин ғамхориҳо идома дорад.
2497Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал - майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло дар мулоқоташ иброз дошт, ки:
"Шумо шогирдони азизи мо дар ин таълимгоҳ мебошед ва то охирин рӯзи будубошатон дар ин муассисаи таълимӣ танҳо нестед. Мо муваззафем ҳамеша ба шумо ғамхориҳо зоҳир намоем, то ки шумо дар оянда ба мутахассисони арзандаи маслаки пешакарда сазовор бошед".
Бахшида ба Соли нави мелодӣ ба шогирдон табрику таҳният гуфта, таманниёти сардори муассисаи таълимӣ иброз гардид.
Назарзода Н.Ҷ.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...