Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои оперативӣ-тактикӣ - 2025

2481Машқҳои оперативӣ-тактикӣ марҳилаи хотимавии омӯхтани фанҳои «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Мурофиаи ҷиноятӣ» аз ҷониби курсантон буда, усули самарабахши санҷиш ва мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва таҷрибаҳои амалии курсантон бо ин фанҳо мебошад.
2482Барои роҳбарӣ намудан ва гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситод аз ҳисоби роҳбарияти Академияи ВКД, шуъбаи таълим ва ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ таъсис дода шуд.
2483Дар машқҳои оперативӣ-тактикӣ ба дарёфт намудани воситаи нашъадор, моддаҳои тарканда ва дастгир намудани ҷинояткорон санаи 24 декабри соли 2025 дарси амалӣ аз ҷониби кормандони Маркази хадамоти кинологии ВКД, Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ва Раёсати ташхисӣ - криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
2484Дар давраи гузаштани машқҳои оперативӣ-тактикӣ курсантон бо тартиби истифодаи сагҳои хизматӣ, тартиби дарёфт намудани маводи мухаддир, дарёфт намудани олотҳои ҷиноят, тартиби дастгир намудани ҷинояткорон ва ҳамчунин бо асбобу таҷҳизотҳои экспертӣ-криминалистӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
2485Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат ёфтани ҳамкории судманд бо Маркази хадамоти кинологии ВКД, Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ва Раёсати ташхисӣ - криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, миннатдории хешро баён менамояд.

Сардори кафедраи ташкили тактикаи
ФОҶ-и факултети № 6 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия Абдуллозода Ш.Ф.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...