Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН

241313-уми ноябри соли 2025, дар толори Академияи Вазрати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гиромидошт, эҳтирому арҷгузорӣ ва таҷлили сазовори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши сиёсӣ – ғоявӣ зери унвони “Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори давлати навини тоҷикон” доир гардид.
2414Дар ҳамоиши мазкур, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҷурахонзода Ҷумахон, сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – генерал майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит - Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, ходими ҷамъиятиву сиёсӣ ва вакили Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Адолат Раҳмонова, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ – Сангинзода Дониёр Шомаҳмад, афсарон ва курсантони Академия, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҷавонону наврасони фаъол ширкат варзиданд.
2415Қабл аз қисмати расмии ҳамоиш, нахуст ҳайати меҳмонон, дар саҳни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради ҳарбӣ, ки бо иштироки курсантону афсарони Академия ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид, ширкат варзиданд.
2416Дар идома, қисмати расмии ҳамоиш, дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
2417Дар ин қисмат, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҷурахонзода Ҷумахон, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – генерал майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит - Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам ва ходими ҷамъиятиву сиёсӣ - Адолат Раҳмонова иштирок ва суханронӣ намуданд.
2418Дар ибтидои ҳамоиш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҷурахонзода Ҷумахон сухан намуда, аҳли толоро ба муносибати таҷлили ин ду санаи таърихсози миллати тоҷик, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳам тавъам мебошанд, таҳният намуд.
Сипас, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – Насуриён Пулод Асадулло бо арзи таманниёти хеш баҳри иштирокчиёни ҳамоиш, оид ба талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эёҳи давлати миллии тоҷикон, ки дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар вартаи нобутшавӣ қарор дошт, суҳбат намуд.
Дар идома, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит - Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам ва ходими ҷамъиятиву сиёсӣ - Адолат Раҳмонова, ки ҳамчунин, яке аз иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, оид ба нақш ва мавқеи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва интихоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии кишвар, ки ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсози миллат ба ҳисоб рафта, он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард, сухан намуданд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...