КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Ифтихор, саодат, комёбӣ ва шарафи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони биҳиштосо мебошад, ки имрӯз дар фазои оромиву субот, ваҳдату ягонагӣ ва амнияту тартибот Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Ин санади тақдирсози миллат сарчашмаи ягона ва устувори бунёди давлатдории миллӣ буда, дар шароити ниҳоят ҳасоси вазъи сиёсии Тоҷикистон қабул гардидааст. Воқеан, дар чунин шароити душвор қабул шудани ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо аз муҳиммияти он дар истиқрори сулҳу ваҳдат, ҳамзамон аз хирадсолории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва ояндасози миллат буда, он истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дар сатҳи қонуни Олии кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт намуда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои умумиэътирофшуда муқаррар менамояд.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва такмил ёфтааст, ҳамчунин, кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва сохти давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонд.
Ғояҳои башардӯстонаи ин санади сарнавиштсоз инъикоскунандаи орзуву омоли халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории миллӣ ва мероси бузургони таъриху адабиёти аз ҷониби умум эътирофгардида сарчашма мегирад.
Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард.
Арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун меҳвари асосии Конститутсияи кишвар, ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи демократӣ ва асоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад.
Маъмулан, Конститутсия ҳамчун шиносномаи миллат ва нишони фаъолияти расмии ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст.
Дар ин санади сарнавиштсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон расман давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навини тоҷикон гузошта шудааст.
Дар ин ҳуҷҷати таърихӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ чун рамзҳои давлатӣ қабул гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият муайян гардидаанд.
Ба ин арзиши муқаддаси миллӣ ишора намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «Конститутсияи мо аз андешаи ҳокимияти мардум ба василаи мардум ва барои мардум, ки ҷавҳари аслии соҳибихтиёрии халқ аст, сарчашма мегирад». Ин аст нишони равшани мардумсолорӣ ва инсонмеҳварии мактаби сиёсии Пешвои миллат.
Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.
Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсоз дар таърихи халқи тоҷик мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳо эътироф шудааст.
Қабули Конститутсия саҳифаи нави таърихи сиёсии Тоҷикистонро боз намуда, низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард. Ҷавҳари фалсафии Конститутсия аз андешаҳои адлу адолат, озодию истиқлол, баробарҳуқуқии тамоми афроди башар сарчашма мегирад.
Бояд зикр намуд, ки ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллатро, бешубҳа, Конститутсия ташкил медиҳад, ки он ҳамчун қонуни асосии кишвар арзиши олии ҳуқуқӣ дорад ва дар навбати худ ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.
Тибқи Конститутсия давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эълон гардида, имрӯз тавассути ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад.
Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ боиси дастгирии ҷомеаи башар гардидааст.
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар кишвари мо маҳз ба шарофати қабули Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардидааст.
Ҳоло, ки дар арафаи 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, зарур аст, ки ба дарки моҳияти сарнавиштсози ин санади олии ҳуқуқӣ бештар ворид гардида, дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори ҳамешагии худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Бо эътимоди том метавон изҳор намуд, ки ҷашнгирии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Боварии комил дорем, ки ҳамватагони азизи мо ҷиҳати боз ҳам бештар амалӣ гардидани меъёрҳо ва арзишҳои Конститутсия саҳми арзандаю ватандӯстонаи худро хоҳанд гузошт.
Рӯзи қабули Конститутсия муборак!
Насуриён Пулод Асадулло,
сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия







































































































































































