Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд»
5-уми ноябри соли 2025 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Балаҷон Алиҷон, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Дониёр Шомаҳмад, профессори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҷабзода Равшан Муҳитдин, сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, дар он Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Балаҷон Алиҷон дар мавзӯи “Конститутсия ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ”, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Дониёр Шомаҳмад дар мавзӯи “Конститутсия ва таъмини ҳуқуқи инсон дар давлати соҳибихтиёр” ва профессори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҷабзода Равшан Муҳитдин дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърузаҳо баромад намуданд.
Зикр гардид, ки Конститутсия, ки мо ҳар сол рӯзи қабул гардидани онро ҳамчун санади муҳимми тақдирсоз бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоем, аз ҷумлаи дастовардҳои ниҳоят арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва ояндасози миллат буда, он истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дар сатҳи қонуни олии кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт намуда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои умумиэътирофшуда муқаррар менамояд.
Бо дарназардошти нақш ва мавқеи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад».
Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва такмил ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва сохти давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонд. Ғояҳои башардӯстонаи он инъикоскунандаи орзуву омоли халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиёти аз ҷониби умум эътирофгардида сарчашма мегирад.
Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард.
Воқеан, яке аз меъёрҳои асосии Конститутсия ин таъмини иштироки васеи шаҳрвандони кишвар дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад. Вобаста ба ин, боиси зикр аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия мавқеи асосиро ишғол намуда, дар як қатор моддаҳои он дарҷ гардидааст.
Арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи демократӣ ва асоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар кишвари мо маҳз ба шарофати қабули Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардидааст.
Тибқи Конститутсия давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эълон гардида, имрӯз тавассути ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад.
Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ боиси дастгирии ҷомеаи башар гардидааст.
Дар хотима маърузачиён ҳамаи иштирокдорони конференсияро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо бахту иқболи нек, сулҳу оромӣ ва ба кишвари азизамон пешравию комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия







































































































































































