Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҷиҳати иҷрои банди 9 фасли III «Нақшаи гузаронидани конференсияҳои илмӣ ва семинарҳо» Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025

1image-30-10-25-09-352image-30-10-25-09-353image-30-10-25-09-354image-30-10-25-09-35 Санаи 28 октябри соли 2025 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД барои соли 2025 аз тарафи кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, дар мавзуи «Тақвияти ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм» бо иштироки намояндагони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюрои миллии марказии “Интерпол” ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ҳайати профессорону омӯзгорон, шунавандагону курсантон баргузор гардид.

Кори конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло кушод.

Дар конференсия сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Шарипов Тақдиршо Шарифович, дар мавзуи “Тафовути ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта аз террористӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.таърихШарифзода Саидҳомид Сафар, дар мавзуи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини сардори Раёсати иҷрои ҳукмҳо ва қайди махсуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., Раззоқзода Тамкин Мурод, дар мавзуи “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: аҳаммият ва нақши он дар ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм дар мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ”, сардори маркази омӯзиши масоили муқовимат бо ҷинояткории муташаккил ва фаромиллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исматов Рустам Абдусаллом, дар мавзуи “Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба муқовимат ба терроризм”, профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир, дар мавзуи “Тавсифи криминологии ҷинояткории хусусияти экстремистӣ-террористидошта”,дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., Ахмедов Эргаш Юлдошевич дар мавзуи “Роль органов прокуратуры в противодйствии экстремизму и терроризму в Республике Таджикистан”, нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза
 бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Абдуллозода Одил Толиб, дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм – хатари сартосари ҷомеаи ҷаҳонӣ”, муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Донишгоҳи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, майор Шарифов Ғолиб Исуфалихонович, дар мавзуи “Экстремизми динӣ, терроризми байналмилалӣ ва таъсири он ба ҷомеа”, сардори шуъбаи 4-уми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хизмати назорати маводи нашъаовар Муродзода Фарҳодҷон Абдухолиқ, дар мавзуи “Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун маблағгузории терроризм”, муаллими калон оид ба разведкаи кафедраи қушунҳои махсуси Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Атозода Баҳриддин Юсуфҷон дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм хатари умумии ҷомеаи имрӯза”,сардори шуъбаи таҳлил, банақшагирӣ ва коркарди амалиётҳои махсуси Маркази муқовиматсозӣ бо экстремизми РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ҷонзода Илҳом, дар мавзуи “Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм”,  ваколатдори калони оперативии шуъбача оид ба кушодани ҷиноятҳои солҳои пешини ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Ғанизода Баҳоваддин Алиназар, дар мавзуи “Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун такягоҳи асосии амният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар муқовимат бо хатарҳои терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини сардори Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Гурез Дастагул Қурбоналӣ, дар мавзуи “Организация проведения судебной экспертизы по делам об экстремизме”, сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия Шарифзода Парвини Раҳмулло, дар мавзуи “Мафҳуми экстремизм дар санадҳои қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ (ҷанбаи ҳуқуқӣ-таҳлилӣ), дотсенти кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шарифзода Вафо, дар мавзуи “Механизми психологии ҷалб намудани ҷавонон ба ташкилоти экстремистӣ”, муаллими калони кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Алимзода Достон Алим дар мавзуи, “ЧОҶ-и гирифтани иттилооти компютерӣ: проблемаҳои амалия ва назария”, муаллими кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Раҳимзода Валӣ Юсуф дар мавзуи, “Хатари паҳншавии идеологияи экстремистӣ-террористӣ дар фазои интернет ва самтҳои тақвият бахшидани муқовимат ба он”, дотсенти кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Маҳмадализода Файзиддин Маҳмадқул, дар мавзуи “Гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз сабабу омилҳои маблағгузории терроризму экстремизм”, муаллими кафедраи тайёрии тактикаи ФОҶ факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Абдуллозода Хуршед Шуҳрат, дар мавзуи “Нақши воҳидҳои оперативии МКД дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм” баромад намуданд.

Сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултетеи № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,  

подполковники милитсия                                                                                                      Шарифзода П.Р.

 

28.10.2025

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...