ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ: МАСОИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ, ИЛМ ВА АМАЛИЯ
Имрӯз дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони воҳидҳои оперативӣ конференсияи ҷумҳуривӣ бо иштироки мутахассисон, олимони соҳа, унвонҷӯёну адюнктҳо ва дигар собиқадорони соҳа доир гардид.
Дар оғози кори конференсия, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия НАСУРИЁН Пулод Асадулло ҳамаи ҳайати меҳмонон, олимону муҳаққиқон, кормандони мақомоти амалӣ ва ҳозирини гиромиқадрро хайрумақдам гуфта, барояшон барору комёбиҳо таманно кард.
Дар баромади сардори Академия қайд гашт, ки: “Конференсияи имрӯза, воқеан, ба яке аз масъалаҳои муҳимми самти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, яъне самти фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, бахшида шудааст.
Мутобиқ омадани Рӯзи кормандони оперативӣ ба санаҳои сарнавиштсози миллат, алалхусус Рӯзи забони давлатӣ, Зодрӯзи Пешвои муаззами миллат ва Рӯзи омӯзгор беҳикмат набуда, нишоне аз ҷойгоҳ ва нақши ин ниҳоди муҳимми таъминсозандаи амнияту субот дар кишвар мебошад.
Ташкил намудани чунин чорабинии илмӣ дар мавзӯӣ «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуқӯӣ: масоили қонунгузорӣ, илм ва амалия», яке аз чораҳои саривақтӣ, ҷиҳати таҷлили Рӯзи кормандони оперативӣ мебошад.
Боварии комил дорам, ки баргузории чунин чорабинии илмӣ барои муҳокимаи паҳлуҳои муайяни масоили марбут ба фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва таҳияву тадбиқи иқдому тавсияҳои муайян дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Дар ин ҷода, мехоҳам таъкид намоям, ки яке аз соҳаҳои муҳимми илми кишвар, соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ватанӣ мебошад, ки маҳз дар замони истиқлолияти кишвар ба асосҳои бунёдии он заминаҳои воқеӣ гузошта шудааст, ки дар ин ҷода нақши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., мақоми шоиста дорад.
Чунки, муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ., тавонистаанд, ки назарияи муосири ватании фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро коркард намоянд.
Бояд қайд намуд, ки дар кишвари мо назарияи фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ мавҷуд набуд. Қаблан фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро яке аз намудҳои фаъолияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ҳисоб намуда, онро танҳо дорои хусусияти таҷрибавӣ-амалӣ мешумориданд.
Хушбахтона, бо заҳмату талошҳои бесобиқаи муҳтарам Вазир, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ натанҳо ба соҳаи мустақили қонунгузорӣ, балки ба соҳаи мустақили илми кишвар мубаддал гардидааст.
Ҳамзамон, зикр намудан ба маврид аст, ки рушди рӯзафзуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ имкон фароҳам меорад, ки баъзан норасоӣ ва ихтилофу зиддиятҳое, ки дар низоми қонунгузории кишвар метавонанд вуҷуд дошта бошанд, шарҳи қонунии худро дарёбанд.
Тибқи барнома, дар кори конференсияи имрӯза олимону муҳаққиқон, коршиносон ва кормандони ботаҷриба аз институтҳо ва марказҳои илми, таҳқиқотии сатҳи ҷумҳуриявӣ, намояндагон аз мақомоти амалисозандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ҳузур доранд.
Бо истифода аз ҳузури Шумо мехоҳам зикр намоям, ки то ба имрӯз баъзан мухолифатҳо дар эҷоди меъёрҳои қонунҳои соҳавӣ дар ин самт вуҷуд доранд, ки дар формати кори конференсияи имрӯза метавон атрофи онҳо фикру мулоҳизаҳои судманд пешниҳод намуд.
Дар ин замина пешниҳод менамоям, ки тавсияҳо, таклифу пешниҳодот ва дигар хулосаҳо дар шакли мукаммал ба кумитаи тадорукот дастрас карда шаванд, то ки дар ҷараёни таълим ва фаъолияти хизматӣ ба таври васеъ истифода гарданд.
Дар фарҷоми сухан, Сардори Академия ба маърӯзачиён ва умуман иштирокдорон барору комёбиҳо таманно кард.
Дар кори конференсияи мазкур баромад карданд:
СОЛИЕВ Каримҷон Ҳоҷиевич - мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия;
ЗОИР Ҷӯрахон Маҷидзода-мудири Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови АМИТ, д.и.ҳ., профессор, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия;
РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин-профессори кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент;
УМАРҶОНИ Эмомалӣ-муовини якуми Сардори РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия;
МУСЛИҲИДДИНЗОДА Муснуриддин Муслиҳиддин-муаллими калони кафедраи фанҳои ҳуқуқии Мактаби олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия;
НАЗАРЗОДА Носир Ҷобир-профессори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., полковники милитсия;
ДОДОБОЙЗОДА Хайём Ҳотам-ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳимми Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии БММ «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия;
САФАРЗОДА Ҳаёт Сайдамир-профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия;
ШАРИФОВ Ғолиб Исуфалихонович-муаллими калони кафедраи ФОҶ-и Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, майор;
АРИПОВ Анвар Лутфуллоевич-сардори кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияи рақамии факултети № 5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия;
РУСТАМЗОДА Алишер Косим-начальник кафедры теории управления правоохранительной деятельности факультета № 1 Академии МВД Республики Таджикистан, к.ю.н., подполковник милиции;
ШОҲИЁН Шодмон Рустам-профессори кафедраи тактикаи умумии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковник;
ТОХИРЗОДА Олимджон Тохир - начальник кафедры уголовного процесса факультета № 1 Академии МВД Республики Таджикистан, к.ю.н., полковник милиции;
ҚОСИМОВ Файзалӣ Маҳмадович-сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия;
АҲТАМШОЗОДА Сайидмуҳаммад Аҳтамшо-муовини сардори Шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия;
ШАРИФЗОДА Вафоиддин-дотсенти кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия;
АБДУЛЛОЗОДА Неъматулло Раҳматулло-сардори кафедраи ФОҶ-и МКД факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия;
АЛИМЗОДА Достон Алим -муаллими калони кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, майори милитсия;
ДЖУРАЕВ Мухаммаджон Толибович-ассистент кафедры международного права Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан;
Инчунин баромад карданд: Сафарзода А. М.,-сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник; Саидзода Т. Т., муовини сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, Саломзода Б. С., муовини сардори РМЗГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, Гурез Д. Қ., муовини сардори РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, Ато Р. О., ваколатдори калони оперативии Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, Маҳмадализода Ш. А., афсари калони шуъбаи 1-уми Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник, Назарзода А. Н.,- ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳимми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия, Амрудинзода М. А., сардори факултети № 6 Академияи ВКД, н.и.ҳ., подполковники милитсия, Бобоназарзода Ф. Ш., муовини сардори факултети № 6 Академияи ВКД, н.и.ҳ., майори милитсия, Абдулло А. Р., сардори кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия, Шарифзода П. Р., сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД, н.и.ҳ., подполковники милитсия, Шарифзода У. Ш., дотсенти кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, подполковники милитсия, Маҳмадализода Ф. М., дотсенти кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД, н.и.ҳ., подполковники милитсия, Нуриддинзода С. С., дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД-и факултети № 2 Академияи ВКД, подполковники милитсия, Ҳасанзода Н. Э., муаллими калони кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, полковники милитсия, Сатторзода Б. Б., муаллими калони кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, полковники милитсия, Шаробзода Б. З., муаллими калони кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, подполковники милитсия, Абдуваҳобзода М. А., муаллими кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, капитани милитсия, Абдуллозода Х. Ш., муаллими кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, капитани милитсия, Одиназода А. А., муаллими кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия, Абдуллозода С. Б., муаллими кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия, Шарифзода С. А., муаллими кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия, Раҳимзода В. Ю., муаллими кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД, н.и.ҳ., лейтенанти калони милитсия, Ревазода М. Р., муаллими кафедраи ФОҶ-и МКД факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, Муродзода Ф. Ғ., муаллими кафедраи ФОҶ-и МКД факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, Шарифӣ М. А., сардори синфхонаи кафедраи ФОҶ-и МКД факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.
НАЗАРЗОДА НОСИР-профессори Академияи ВКД, д.и.ҳ., полковники милитсия