ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов вохӯрии Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло баргузор гардид.
Мавзӯи асосии мулоқот: Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи омӯзгор ва Зодрӯзи Пешвои миллат.
Доир ба мавзуъҳои мазкур баромад карданд:
Сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия НАСУРИЁН Пулод Асадулло;
2. Самиъзода Б.С., ёрдамчии Сардори Академияи ВКД, подполковники милитсия. Мавзуъ: “Ватандӯстӣ ҷавҳари аслии комёбии миллӣ”.
3. Сафарзода Ҳ.С., профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия. Мавзуъ: “Сабаб ва омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ”.
4. Аҳёзода Шоҳрух Табарукшо, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД, н.и.ҳ. подполковники милитсия. Мавзуъ: “Асосҳои ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Дар мулоқоти хеш аз ҷумла сардори Академияи ВКД Насуриён Пулод Асадулло қайд кард, ки:
“Қаблан миннатдории хеш, бахусус Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генрал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро изҳор менамоям.
Донишкадаи мазкур, ягона маркази омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи варзиш дар кишвар буда, аз оғози таъсис то ба имрӯз кадрҳоеро тарбия намудааст, ки дар сатҳи байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро баланд бардошта, ифтихори миллату давлат мебошанд.
Вохӯрии имрӯзаи мо дар лаҳзае таҷлил мегардад, ки миллати тоҷик ва тоҷикистониён дар арафаи таҷлили якчанд санаҳои муҳимми милливу касбӣ, бахусус Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи омӯзгор, Зодрӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Рӯзи кормандони оперативӣ қарор доранд.
Бо ин мақсад, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин санаҳои муқаддаси миллӣ табрик гуфта, барору комёбӣ таманно дорем.
Возеҳ аст, ки соҳаи варзиш ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯй стандартҳои байналмилалии соҳа, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, зери таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Чунки, маҳз варзиш метавонад чун қосиди сулҳ, омили муттаҳид созандаи нерӯҳои ҷомеа ва муаррификунандаи давлату миллат дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баромад намояд.
Бо ин мақсад, давлату Ҳукумати кишвар тамоми шароити мусоидро барои рушди соҳа дар кишвар фароҳам сохта, асосҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолият, рушди инфрасохтор ва консепсияву дурнамои такмили онро таҳия намуда, муайян сохтааст.
Яке аз субъектони тадбиқкунандаи ҳадафу ормонҳо ва консепсияву барномаҳои рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар, Донишкадаи мазкур мебошад, ки тавонистааст рисолати худро дар назди миллату давлат иҷро намояд.
Бинобар ин маҳз варзиш метавонад яке аз омилҳои асосии пешгирии нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, майзадагӣ, бегонапарастӣ ва умуман гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ дар ҷомеа баромад намояд.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки ҳушёрии маънавӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ташвиқу тарғиботи ғоя ва идеялогияҳои тундрави ифротгароӣ дода нашавем ва барои боз ҳам мустаҳкам намудани сулҳи бебозгашт, таъмини амният ва ваҳдати миллӣ муттаҳид бошем.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт омода аст, то бо сокинони кишвар, бахусус ҷавонону донишҷӯён дар ҳамкории зич қарор дошта бошад.
Боварии комил дорем, ки Шумо донишҷӯён, ҷавонон ва ҳар як фарди ҷомеаи мо имрӯз аз моҳияти равандҳои муосир огоҳ буда, барои тадбиқи амалии консепсияву барномаҳо, стратегияҳои давлатӣ, алалхусус ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ талош варзида, обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардоред.
Рӯзи забони давлатӣ барои Шумо ҳозирини гиромӣ ва ҳамватанон муборак бошад!