Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар Академияи ВКД
Дар суханронии муқаддимавии хеш сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло қайд намуд, ки:
Баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки таҳти роҳбарии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ зери унвони “Гиромидошти забони давлатӣ муҳимтарин омили бақои давлат” баргузор мегардад, барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантону шунавандагони Академияи ВКД, мояи ифтихор ва сарфарозӣ мебошад.
Баргузории чунин як ҳамоиши ниҳоят муҳим дар замоне таҷлил мегардад, ки миллати тоҷик ва тоҷикистониён дар арафаи якчанд ҷашнҳои муҳимми милливу касбӣ, бахусус Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи омӯзгор, Зодрӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон барои мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Рӯзи кормандони оперативӣ қарор доранд.
Бо ин мақсад, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин санаҳои муқаддаси миллӣ табрик гуфта, ҳузури Шумо меҳмонони олиқадр, Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Хонзода Абдураҳмон Умар, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Содиқиён Умедро ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфта, минатдории самимии хешро иброз менамоям.
Ҳамоиши имрӯзаи мо, ки маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллат-забони давлатӣ ҷараён дорад, мехостам аз суханони арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намоям, ки фармудаанд: “Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.
Ҳамагон огоҳ мебошем, ки имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.
Ҳамзамон, донистани забонҳои хориҷӣ низ имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии давлат қарор дошта, дар ин замина чораандешиҳои судманд амалӣ мегарданд. Чунки талаботи асри нав аз ҳар як мутахассиси соҳа тақозои ҷавобгӯй буданро ба талаботи имрӯзи бозори меҳнат талаб дорад.
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Академияи ВКД пайваста баҳри тадбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҳоло зери роҳбарии муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ин самт низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Албатта, ташкили чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷодаи таблиғу ташвиқи арзишҳои милливу давлатӣ, бахусус омодасозии кадрҳои муосир дар Тоҷикистон мусоидат намуда, дар замири ҷавонон тафаккури милливу давлатиро тақвият мебахшад.
Дар анҷоми сухан, бори дигар минатдории самимонаи хешро ба Шумо меҳмонон ва ҳозирини арҷманд мерасонам ва бо камоли эҳтиром риштаи суханро ба меҳмонон месупорам.
Меҳмонони ташрифоварда ҳар яке ба сухан баромада таърих, бурду бохтҳо ва дигар самтҳои рушди забони давлатиро бо маҳорати хоса ба ҳозирин ироа намуданд.
Дар қисмати дигар аз ҷониби меҳмонон як теъдод омӯзгорони Академияи ВКД бо ифтихономаву сипосномаҳои КИ ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.
Меҳмонони ташрифоварда аз Осорхонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.