МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ КУРСАНТОНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ РАҚАМИ 4 АКАДЕМИЯИ ВКД
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ садоқат ба Ватан мебошад. Мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният ин вазифаҳое мебошанд, ки дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шуда, ба ташаккули ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
20-уми сентябри соли 2025 дар факултети рақами 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло , меҳмонони ҷузъу томҳо, собиқадорон ва волидайни курсантон маросими тантанавии қабули Савганди курсантони курси 1- ум баъд аз гузаштан аз машқҳои таълимӣ-саҳроӣ баргузор гардид.
Маросимро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майори милитсия н.и.ҳ., Насуриён П.А. оғоз намуда, Суруди миллӣ хонда шуд.
Баъд аз воридшавии парчами Академия ба майдони чорабинӣ сардори Академияи ВКД дар баромадаш аз номи Вазири корҳои дохилӣ курсантонро ба муносибати рӯзи қабули савганд шодбош намуда, иброз дошт, ки дар шароити ҳозира милитсия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба савганд дар сафҳои аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ қарор дорад.
Савганд, ваъда, қасами ботантанаи ҳидоят ба Ватан ифодаи вазифаи олии маънавии инсон дар ҷамъиятӣ демократӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ яке аз курсантони фаъол суханронӣ намуда, барои талошу заҳматҳои шабонарӯзии устодон миннатдорӣ баён намуд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ аз ҷониби курсантони қаровули фахрӣ машқҳои
низомӣ ва ҳаракатҳои мавзун идома дода шуд. Расми гузашти низомии курсантони соли аввал анҷомбахши чорабинии тантанавӣ гардид.