Иштирок дар ҷаласаи навбатии Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омода намудани ҳайати роҳбарикунандаи милитсия/Политсия
Тибқи қарори Маҷлиси умумии Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омода намудани ҳайати роҳбарикунандаи милитсия (политсия), инчунин дар асоси Нақшаи кории Ассотсиатсия барои соли 2025, санаи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар заминаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи генерал-майори милитсия Э.А. Алиев ҷаласаи навбатии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии аъзоёни Ассотсиатсияи мазкур барпо гардид. Ҷаласа дар Конгресс-холли резиденсияи давлатии «Ала-Арча» ҳам дар шакли иштироки бевосита ва ҳам дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони Комплекси таълимии ВКД Ҷумҳурии Арманистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Белоруссия, Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Белоруссия дар ш. Могилёв, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи. М. Есбулатови дар ш. Алмаато, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи М. Б. Бейсенови дар ш. Караганда, Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи генерал-майори милитсия Е.А. Алиев, Академияи ВКД Ҷумҳурии Озарбойҷон, Академияи идоракунии ВКД Россия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишкадаи такмили ихтисоси ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои ташкилии фаъолияти Ассотсиатсия оид ба таҳкими ҳамкории аъзои он дар самти баланд бардоштани самаранокии таълими идоравии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуданд.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён П.А. дар шакли маҷозӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба иқтидор, дастовардҳои соҳаи таълим, илм, тарбия, омоданамоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, самтҳои афзалиятноки Академия ва тадбирҳои андешидашаванда муаррифӣ кард. Дар рафти баромади худ П.А. Насуриён, инчунин, адъюнктураи Академияи идоракунии ВКД Россияро бо муносибати 70-солагии таъсисаш табрик гуфта, ба кормандони он рӯзгори обод ва фаъолияти муваффақ ба нафъи ҷомеа ва давлатро таманно намуд.
Инчунин, иштироккунандагони ҷаласа аз таҷрибаи дигар муассисаҳои низоми ВКД/Политсия шиносоӣ пайдо намуданд. Зимнан зикр гардид, ки дар шароити ислоҳоти низоми таҳсилоти миллӣ ва таълими касбӣ, таҳияи маводи нави таълимӣ дар ин замина, ташкили бозомӯзии омӯзгорон чи дар дохили кишварҳо ва чи дар хориҷи онҳо, азхуд намудани таҷрибаи мусбат ба ҳамгироии таҳсилоти умумие, ки ба Консепсияи ташаккули фазои ягонаи таълимии ИДМ мувофиқ мебошад, мусоидат хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои касбӣ аҳаммияти бештар пайдо карда истодааст.
Аз натиҷаи ҷаласаи навбатии Ассотсиатсия бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ чунин қарорҳо қабул карда шуданд:
- Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва намояндагӣ дар шакли конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, лексияҳо, ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ ва гурӯҳҳои муаллифон ҷиҳати омода намудани тадқиқоти муштараки илмӣ технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ васеъ ва фаъолона истифода бурда шаванд.
- Маълумоти роҳбарони мактабҳои олии аъзои Ассотсиатсия оид ба масъалаҳои мубрами тайёр намудани кадрҳои касбӣ, шаклу усулҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобила, ки ба баланд бардоштани сифат ва такмили раванди таълим ва такмили ихтисос нигаронида шудаанд, ба назар гирифта шавад.
- Кор оид ба гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ оид ба масъалаҳои муҳиммтарини фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ пурзӯр карда шавад.
Бо ҳамин ҷаласаи навбатии Ассотсиатсия пӯшида эълон карда шуд.
АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН