Қабули Савганди курсантони Академия
Сарчашмаи асоси ҳуқуқ нишон медиҳад, ҳимояи Ватан вазифаи муқаддас барои кули шаҳрвандон ба шумор рафта, ҳама дастаҷамъона дар ҳифзи он ҳам кормандони МКД, дигар сохторҳои қудратӣ ба ҳар як шахси ватандӯст ба таври фаъол иштирок намоянд.
Хизмат дар МКД низ ин яке аз намудҳои ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ва Савганди хеш мебошад. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният ин вазифаҳое, ки дар назди кормандони МКД гузошта шуда, ба ташаккули ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Матни Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.1995 таҳти №167 тасдиқ гардидааст.
Дар асоси дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 17-сентябри соли ҷорӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Насуриен Пулод Асадулло роҳбарият ва ҳайати шахсии Академия, ва волидайни курсантон маросими тантанавии қабули Савганди курсантони курси якум баъд аз гузаштан аз давраи машкқои таълимӣ-саҳроӣ баргузор гардид.
Маросимро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия оғоз намуда, Суруди миллии Тоҷикистон ба таври зинда хонда шуд.
Баъд аз воридшавии Байрақи Академия сардори Академия генерал-майори милитсия Насуриен П.А.
дар баромадаш аз номи Вазири корҳои дохилӣ курсантонро ба муносибати Рузи қабули Савганд самимона шодбош намуда,аз ҷумла иброз намуд,ки дар шароити ҳозира низ милитсия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба садоқат ба Савганд дар сафҳои аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ қарор доранд.
Имрӯз шаклҳои ҷинояткорӣ мураккаб шуда истодаанд, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра, ки ҳар чӣ зиёд аз кормандон дониш, малака ва маҳорати касбӣ талаб менамояд. Савганд – ваъда, қасами ботантанаи риояи садоқат ба Ватан, ифодаи вазифаи олии маънавии инсон дар чамъияти демократӣ ба ҳисоб меравад. Баъдан курсантон дар вазъи тантанавӣ Савганд қабул намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби курсантони курси якум машқҳои якҳарба ва тактикӣ намоиш дода шуд.