Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо курсантону шунавандагон
1-уми сентябри соли 2025 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ нахуст устодону курсантон ва шунавандагонро бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуда, барояшон дар ҷодаи омӯхтани илму дониш муваффақияту комёбиҳо орзу намуд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо талабот ба омӯзиши илмҳои замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва мутахассисони самти техника ва технологияи ҳозиразамон бештар гардидааст.
Аз ин рӯ, Роҳбари давлат бо ташкил ва баргузории озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони касбу кори гуногун ва омӯзиши бештари донишҷӯён диққати махсус медиҳанд.
Ҳамзамон курсантонро мебояд аз вазъи ҷаҳони имрӯз воқиф буда, ҳамеша зираку ҳушёр бошанд.
Дар раванди мулоқот ба масъалахои муҳими фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва таълиму тарбия диққати махсус дода шуда, аз ҷумла барои ташкил ва гузаронидани озмуни «Шоҳномахонӣ» таъкид гардид.
Дар хотима якчанд нафар устодону курсантон суханронӣ намуда, миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муҳайё намудани шароити зарурии таълим ва дастгирии пайвастаи ҷавонон расониданд.