Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Набзи милитсия» – 10 сола шуд!

2009Нақши матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори умум дар инъикоси ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ хеле калон аст. 2010Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хос дода шуд.
201119-уми марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" таҳти №961 қабул гардид. 2012Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳо вобаста ба онҳоро танзиму такмил менамояд.
2013То таъсисёбии рӯзномаи «Набзи милитсия» ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёд тавассути рӯзномаҳои деворӣ ва нашрияҳои ҷудогонаи идона инъикос мегардид. 2014Маҳз бо туфайли ташаббуси шахсии собиқ сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ нашрияи Академия бо номи «Набзи милитсия» таъсис дода шуда, 24-уми августи соли 2015 таҳти №0383/РЗ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
201512-уми апрели соли 2021 бошад, нашрияи мазкури Академияи ВКД дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №242/РЗ аз нав ба қайд гирифта шуда ва маротиби охирон 12 апрели соли 2024 ба қайд гирифта шудааст.
2016Рӯзномаи мазкур дар ташвиқу тарғиби ғояҳои муҳими замони муосир фаъолона иштирок намуда, дар тарбияи маънавӣ, ғоявӣ, фарҳангӣ ва маслакии кормандону шогирдон саҳми беандоза муҳим гузошта истодааст.
Тавассути рӯзнома омӯзгорон, курсантону шунавандагон, адюнкту докторантҳо, олимону мутахассисон пайваста масъалаҳои мубрами замонро мавриди инъикос гузошта дар тарбияи насли наврас, кормандон ва шаҳрвандон саҳми арзанда гузошта истодааст.
Мазмуну муҳтаво ва сохтори рӯзнома пайваста тибқи талаботи рӯз дигар гашта, шумораи муштариёнаш ҳам беист зиёд шуда истодааст. Рӯзнома дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вазорат буда, мавриди ғамхорӣ ва дастгирӣ қарор дорад.
Ҳамин аст, ки бо дастури муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро шумораҳои рӯзномаро тамоми сарраёсату раёсатҳо, шуъбаҳо, ҷузъу томҳои МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказу маҳаллот мегиранд ва дар пешбурди фаъолиятҳои оперативӣ-хизматӣ, самти кори тарбиявӣ, фарҳангӣ, тарғибу ташвиқи расму русум, анъанаҳои ниёгон, саҳифаҳои дурахшони таърихи халқу миллат ва ғайра истифода мебаранд.
Маҳз, бо туфайли рӯзнома на танҳо аз ҳисоби олимону омӯзгорон, мутахассисон, балки аз ҳисоби курсантону шунавандагон миқдори мақоланависон доимо дар ҳоли рушд қарор дошта, теъдодашон афзоянда мебошанд. То ба имрӯз 121 шумораи рӯзнома аз чоп баромада аст.
Нашрияи «Набзи милитсия» гарчанд ҷавон бошад ҳам аллакай барои гузоштани нақши муҳим дар инъикоси ҳаёти ҷамъиятӣ, тарбияи маънавии насли ҷавони милитсия солҳои 2021 ва 2022 ду маротиба бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.
Ҳайати мушовараи рӯзномаи «НАБЗИ МИЛИТСИЯ»:
РАҲИМЗОДА Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия;
НАСУРИЁН Пулод Асадулло - сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия;
АЛИЗОДА Алиҷон Шариф – муовини аввали сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия;
РАҲМАДҶОНЗОДА Рифат Раҳмадҷон – муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия;
АБДУЛАҲАДЗОДА Абдувоҳид Абдулаҳад – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия мебошанд.
Сармуҳаррири рӯзнома, рӯзноманигори шинохта УМЕД Олим;
Муҳаррирон: полковники милитсия АСЛАМОВ Бозоралӣ Сафаралиевич, майори милитсия САФАРЗОДА Саида Нуралиевна;
Хабарнигор-суратгир - УБАЙДУЛЛОЕВ Шавкат Эшонқулович,
Тарроҳ-РАШИДОВА Муҳаббат мебошанд.
Моҳнома ҳар моҳ дар чопхонаи “Мега-принт” ба тариқи ранга, дар ҳаҷми 8 саҳифа, ба теъдоди 1000 нусха бо сифату мазмуни баланд аз чоп мебарояд ва сари вақт ба хонандагон дастрас карда мешавад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми ҳайати эҷодӣ, мухбирон ва хонандагони моҳномаи «Набзи милитсия»-ро ба ифтихори 10-умин солгардашон табрику муборакбод гуфта, дар самти ташвиқу тарғиби илму дониш, сиёсат, фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт, варзиш ва ҳаёти гузаштаву имрӯза дастовардҳои беназир хоҳонам.
Ба ҳайати мушовараи «НАБЗИ МИЛИТСИЯ» бошад, дар самти такмилу такомули сифатӣ, миқдорӣ ва мутобиқи талаботи замон фаъолият кардани рӯзнома муваффақиятҳои ҳамешагӣ таманно дорем!
10 сол муборак «Набзи милитсия»!
Назарзода Носир – профессори Академияи ВКД, д.и.ҳ., полковники милитсия

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...