Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

199113 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд.
1992Иншооти нави таълимӣ аз 6 ошёна, таҳхона, 12 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, хобгоҳ бо 176 ҷои хоб ва ошхона иборат мебошад.
1993Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳа, омӯзгорон ва курсантонро барои истифодаи бамаврид аз имконияти фароҳамшуда ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ояндаи милитсия вазифадор намуданд.
1994Ҳудуди умумии муассиса 7 гектарро ташкил медиҳад ва майдони васеъ оянда барои бунёди иншооти варзишӣ ва сабзкорӣ пешбинӣ шудааст.
1995Қаблан бо сабаби нарасидани синфхонаҳо ва набудани шароит раванди таълим дар дигар муассиса сурат мегирифт. 1996Ғамхории Ҳукумати кишвар ва бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки курсантон ва шунавандагони ин факултети Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шароити замонавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.
1997Бинои Факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд дар асоси лоиҳаи муосир бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ сохта шудааст. 1998Бунёду навсозии иншооти гуногун ва мутобиқ ба талабот фароҳам овардани шароит ҷавононро ба таҳсили хуб ва хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат водор менамояд.
1999Дар саҳни муассиса мутобиқ ба талабот майдони сафороӣ ва гузаронидани чорабиниҳои тантанавӣ бунёд гардидааст.
2000Дар ҳамин ҷо намунаи тарҳи либосҳои низомӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид.
2001Ҳамчунин дар ҳамин рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои Летсейи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 500 хонанда ва хобгоҳ бо 260 ҷойи хоб муарифӣ карда шуд.
2002Муассисаи нави таълимӣ дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ бо 150 курсӣ, китобхона бо толори хониш, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои таҷрибаомӯзӣ ва дигар иншооти ёрирасон хоҳад буд.
2003Бинои хобгоҳ барои таълимгирандагон аз 3 ошёна иборат буда, дорои 85 ҳуҷра мебошад. 2004Ҳамзамон дар ҳудуди хобгоҳ бунёди ошхона барои 240 кас, толор ва майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст.

 

 

2008

 

2007

2006

2005





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...