Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ботантанаи хатм ва дипломсупорӣ дар факултети №4 Академияи ВКД

197620-уми июни соли 2025 дар Факултети №4 Академияи ВКД бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд маросими бошукуҳи дипломсупорӣ ба хатмкунандагони солҳои таҳсили 2020-2025 баргузор гашт. 197790 нафар ҷавонони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолӣ, хатмкунандагони Факултети №4 Академияи ВКД баъди омӯзиши пурраи барномаи таълимӣ Академияро хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» ва рутбаи афсарӣ гардиданд.
1978Ба ин муносибат майдони сафороии муассисаи олии таълимӣ фазои идона дошт. 1979Маросими тантанавии дипломсупорӣ бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло, сардори Академияи ВКД генерал майори милитсия Пулод Насуриён, ҳайати устодону курсантон ва падару модарони хатмкунандагон баргузор гардид.
1980Сардори факултет номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Меҳриддин Ғафурӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, рост омадани маросими дипломсупорӣ бо санаи таърихии Рӯзи Ваҳдати миллиро рамзи садоқат ба ватандустӣ унвон ва хатмкунандагонро барои дар оянда саҳм гузоштан дар пояндагии Ваҳдат ва осоиштагии давлати соҳибистиқлол ҳидоят кард.
1981Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати хатми Академия ва сарфароз гардидани хатмкунандагон ба рутбаи аввалини «лейтенанти калони милитсия» барои аълохонҳо ва «лейтенанти милитсия» қироат карда шуда, дар маросими тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд номаи камол «Дипломи Академия» ва нишони сарисинагӣ ба хатмкунандагон супорида шуд.
1982Имсол 90 курсант бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ боргохи таълимиро сарбаландона хатм намуданд. 1983Ду нафар хатмкунанда соҳиби дипломи аъло ва рутбаи "лейтенанти калони милитсия" гардид.
1984Ба ифтихори ҳамчун мутахассис соҳиб маълумот гаштани хатмкунандагон ҳайати меҳмонон онҳоро табрик ва дар сафи милитсия фаъолияти бобарор хоста, хизмати содиқона ба халқу миллатро таманно намуданд.
Таъкид гардид, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ будан ва хизмати давлату миллатро анҷом додан барои ҳар як хатмкунанда бояд мояи ифтихор бошад. Иҷро кардани масъулияти бузурге ба мисли ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз вазифаҳои пурмасъуле мебошанд, ки Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор кардааст ва ҳар як корманди милитсия ин масъулиятро хуб дарк менамояд.
Дар рафти чорабинӣ хатмкунандагон дар пояи Парчами муассисаи таълимӣ Савганди садоқатро изҳор ва омадагии худро барои хизмат ба нафъи давлату миллат бори дигар баён доштанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки хатмкунандагон дар фаъолияти амалӣ анъанаҳои некӣ соҳаро идома ва садоқати худро ба Ватан, Президент ва ҷомеаи Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулиятшиносиву иҷрочигӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва муборизаи беамон бар зиди ҷинояткорӣ нишон хоҳанд дод.
Ҳамаи хатмкунандагоне, ки имрӯз соҳиби диплом шуданд бо ҷойи кор дар шуъбаю хадамотҳои МКД таъмин хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар самтҳои тафтишот, оперативӣ, криминалистика ва хизмат дар Академияи ВКД, аз ҷумлаи Факултети №4 бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола садҳо нафар ҷавонон соҳибмаълумот гашта барои фаъолият дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат сафарбар мешаванд. Аз ҷумла 80 % воҳидҳои кории мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби хатмкунандагони Академияи ВКД таъмин карда мешаванд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...