Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ АКАДЕМИЯ

5203dfe5-3fcb-4489-bec5-ea58cf46c84d

     Санаи 17-июни соли ҷорӣ дар арафаи Иди ваҳдати миллӣ дар майдони сафороии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғ.Ғ. сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Насуриён П.А., меҳмонони собиқадор, волидайни курсантон маросими хатмкунандагони соли 2025 баргузор гардид.

4cbcbb41-462b-4a6c-8577-f2053a983ea3
     Майдони сафороии Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон идона оро дода шуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон буд. Маросим бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуда, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Муборакшозода Г.Г. тамоми ҳайати шахсии Академия бахусус хатмкунандагонро бо ин рӯзи фархунда аз номи Вазири корҳои дохилӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки рӯз аз рӯз ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони милитсия афзуда истодааст ва барои хизмати содиқона ба Ватан ба хатмкунандагон комёбиҳо орзу намуд.

51d9d2f4-411a-4669-9b5c-40af721c04cd
     Сардори Академия н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён П.А. низ бо нутки пурмуҳтавои табрикӣ баромад карда, аз номи роҳбарият ва омӯзгорон тамоми хатмкунандагонро барои хатми бомуваффақияти Академия табрику таҳният гуфта, ба онҳо баҳри хизмати софдилона дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ бурдбориҳои на ба нав орзу намуд.

985c162a-6037-4f11-8477-f9c9b227cf45
     Ба майдони сафороӣ Парчами Академия ворид шуда, хатмкунандагон дар вазъи тантанавӣ дипломҳои Академия, бо нишони сарисинагӣ ва рутбаҳои аввалини лейтенанти калони милитсия (барои аълочиён) ва лейтенанти милитсия сарфароз гардонида шуданд. Хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ бо Парчами Академия хайру хуш намуданд.


Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. С.Сафарзода

bd8140e9-6210-479f-bade-f71bf0b6c836

dd02e79e-50e1-4e55-b15a-f029605df4e2

c148ec10-91df-4431-a0b7-009b98e6325f

edced015-f5d1-43b4-8857-74a3f8247e59





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...