Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти даври ниҳоии озмунҳо дар Академияи ВКД

1961«Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».
1962Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамият ва нақши забони хориҷӣ дар рушди ҳар як фарди ҷомеа ва дар умум давлат қариб дар ҳамаи паёмҳо ва вохӯриҳояшон бо аҳли зиё, намояндагони маориф ва ниҳодҳои гуногуни кишвари азизамон пайваста таъкид мекунанд. Донистани забонҳои гуногун барои инсон нихоят зарур ва манфиатовар аст. 1963Зеро, агар фард якчанд забонро донад, барои ӯ бо одамони миллатҳои гуногун суҳбат кардан ва аз таъриху фарҳанги онҳо бохабар шудан осон мегардад. Дӯст доштан ва ҳурмат кардани забони модарии худ маънои онро надорад, ки аз омӯхтани забонҳои дигар рӯ гардонӣ, чунки ноил шудан ба муваффақиятхо бе дониши забонҳои хориҷӣ, техника ва технология ғайриимкон мегардад. 1964Пешвои муаззами миллат низ дар ин бора фармудаанд: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем».
1965Аз таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ талаби давру замон буда, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ба тасвиб расид. 1966Мавриди тазаккур аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. 1967Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо маром идома дорад. 1968Пешвои муаззам барҳақ фармуда, ки «...бояд бештар ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбиву сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор таваҷҷӯҳ бояд кард». 1969Ин суханони волои Пешвои миллат имрӯз дар тамоми соҳаҳо ҳамовозӣ пайдо намуда, дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти кишвар ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама забонҳои русӣ ва англисӣ ба самти асосии фаъолият табдил ёфтааст. 1970Дастовардҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар ин самт хуб арзёбӣ мегардад. Дар тамоми муассисаҳои таълимии ВКД омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо усулҳои нави даврони муосир, санҷишҳо ба роҳ монда шуда, озмунҳои забондонӣ дар байни кормандон ва курсантон натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.
Соли чорум аст, ки Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Донандагони якчанд забон” дар байни муассисаҳои таълимии ВКД амал мекунад. Даври ниҳоии ин озмун 11-уми июни соли 2025 дар Академияи ВКД байни ғолибони озмуни даври якум аз факултетҳои №2, №5, №6 - Академияи ВКД, Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара, факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд, баргузор гардид.
Инчунин ғолибони озмуни “Беҳтарин донандаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” байни муассисаҳои таълимии ВКД низ дар ҳамин рӯз баргузор гардид. Ҳайати ҳакамон дар озмуни “Донандагони якчанд забон” бо роҳбарии Раиси ҳакамон Миршамсзода Манучеҳр сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия, дар озмуни “Беҳтарин донандаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бо роҳбарии Раиси комиссия муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Қурбонзода Валишо ва омӯзгорон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷавобҳои ҳар як иштирокчии озмунро аз рӯйи номинатсияҳо , ки дар Низомномаи озмунҳои зикргардида дарҷ гардидааст, санҷида баҳогузорӣ намуданд. Ба ғолибони озмунҳо тибқи муқаррароти дар Низомномаи озмунҳо зикргардида мукофотҳо супорида шуданд.
Азиза Давлатшозода, полковники милитсия





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...