Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАШРИФИ ГУРӮҲИ КОРИИ КИШВАРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН БА АКАДЕМИЯИ ВКД

192021-уми майи соли 2025 Роҳбари ҳайати Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятӣ аз ҳисоби Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамзамон муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари мазкур Алиакбар Пурҷамшедиён ва ҳамроҳонаш ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
1921Меҳмонони олиқадрро роҳбарияти ВКД ва инчунин роҳбарияти Академия ба таври тантанавӣ бо қаровули фахрӣ ва мизбонии тоҷикона истиқбол намуданд.
1922Дар ҷараёни ташрифи ҳайати гурӯҳи корӣ зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ натиҷабахш бошанд. 1923Ҳамзамон дар рафти ташриф ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар омодасозии кадрҳо, мубодилаи тадқиқоти илмӣ ва таълиму тарбия баррасӣ намуданд.
1924Дар рафти ташриф меҳмонон аз дидани бинои зебо ва шароитҳои таҳсили Академияи ВКД изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои заруриро барои муҳассилини ин даргоҳи бонуфуз муҳайё намудаанд, ки боиси таҳсин ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам аст.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш. Э.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...