Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАШРИФИ ГУРӮҲИ КОРИИ КИШВАРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН БА АКАДЕМИЯИ ВКД

   Санаи 21 майи соли 2025 Роҳбари ҳайати Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятӣ аз ҳисоби Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамзамон муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари мазкур Алиакбар Пурҷамшедиён ва ҳамроҳонаш ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

001

   Меҳмонони олиқадро роҳбарияти ВКД ва инчунин роҳбарияти Академия ба таври тантанавӣ бо қаровули фахрӣ ва мизбонии тоҷикона истиқбол намуданд.

002   Дар ҷараёни ташрифи ҳайати гурӯҳи корӣ зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ натиҷабахш бошанд. 

003

Ҳамзамон дар рафти ташриф ҷонибҳо масъалаҳои таҳкимбахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар омодсозии кадрҳо, мубодилаи тадқиқоти илмӣ ва таълиму тарбия баррасӣ намуданд.

004

 

Дар рафти ташриф меҳмонон аз дидани бинои зебо ва шароитҳои таҳсили Академияи ВКД изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои заруриро барои муҳассилини ин даргоҳи бонуфуз муҳайё намудаанд, ки боиси таҳсин ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам аст.

005

0066

007

008

009

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...