Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРЧАШМАИ МУҲАББАТ ВА БАҚОИ ЗИНДАГИИ БАШАР

1723Мавзуи Зан-Модар ва мақому манзалати ӯ дар ҷомеа аз муҳимтарин арзишҳое мебошад, ки тамоми олимону донишмандон, шоирону нависандагон ва умуман инсоният атрофи он андешаҳои ҷолиб баён карда, муҳаббату садоқати хешро бо ҳар роҳу равиш изҳор намудаанд.
Албатта, модар сарчашмаи муҳаббат ва неруи офариниш буда, қудрат ва тавонмандии ӯ омили бақои зиндагии башарият аст.
Ҳикмате вуҷуд дорад, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварда Зан-Модарро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Модар! Ҳангоми баёни ин панҷ ҳарф чӣ қадар муҳаббату садоқат, латофату назокат, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Модар офарандаи ҳаёту хушбахтӣ буда, волотарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди оламгир аст, ки саховатмандонаву яксон нури зиндагӣ меафшонад.
Албатта, модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
Дар ин замина, метавон тазаккур дод, ки миллати соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик тӯли таърих дар боби эҳтиром гузоштан ба мақоми Зан-Модар ва ташкили оилаи солим таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд. Метавон қайд намуд, ки аҷдоди пуршарафи мо - тоҷикон, бо ихтиёри худ, ҳамчун ҳисси эҳтироми Зан-Модар ҳадди ақал 3000 сол қабл чунин ҷашнеро таъсис дода будаанд. Ин чӣ ифтихори азимест, ки наҷибзодагони ориёӣ барои модарону занони хеш чунин тақдимоти олитарини инсониро ҳадя намудаанд.
Яке аз бузургтарин муаррихони илми тоҷик Абурайҳони Берунӣ аз рӯи таҳқиқоте, ки дар таърихи урфу одоти аҷдодӣ кардааст, ба ин натиҷа расида буд, ки дар қадимуззамон аҷдодони шарафманди мо расми ҷашнгирии занонашон мавҷуд будааст. Аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки Иди модарон дар сарзамини мо маҳз дар моҳи сеюми зимистон, ки моҳи Исфандормаз ном дошт (мутобиқ ба моҳҳои феврал-март), ҷашн гирифта мешуд. Яъне, тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое будааст, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Ӯ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар замин аст ва низ ба занҳои дурусткор ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст». Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз Иди занон будааст. Ин ҷашни муҳим чун расми аҷдодӣ то имрӯз боқӣ монда, ба форсӣ Муждагирон мегӯянд». Аз қадим, яъне тақрибан 2500-3000 сол пеш аз ин, то асри ХII ин ҷашн боқӣ будааст.
Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон, Зан-Модар ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.
Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳаммияти хоса дода, кӯшидаанд занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, фарзандон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳтиром гузоштан ба мавқеи Зан-Модар дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста баҳри дастгирӣ, гиромидошт ва ҷовидонии ин мояи офариниш талош меварзанд.
Далели гуфтаҳои зикргардида қабули барномаву стратегияҳои сатҳи давлатӣ ва амалисозии нақша-чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.
Зикр бояд кард, ки ташаккулёбии сарварии занонро метавон ҳамчун раванди мусбат дар ҷомеа маънидод намуд. Аз ин рӯ, ҳама гуна раванд оғоз, марҳилаи рушд ва ё болоравӣ ва боз пастравии худро дорад. Заминагузори оғози ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба зимма гирифтан ба қувваи созандаи зани тоҷик эътимоди комил доштанд ва бо ташаббуси шахсӣ тавассути қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кӯшиш намуданд, ки фазои мусоидро баҳри ҷалби ҳарчи бештари занон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа фароҳам оваранд.
Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олӣ зери роҳбарии Сарвари тозаинтихобшудаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари масоили ҳалталаби низоми давлатдории миллӣ, заминаи воқеӣ дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани мақом ва нақши занон дар ҷомеаро гузошт.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми Зан-Модар дар ҳаёти сиёсии кишвар, заминаи қавии ҳуқуқӣ дошта, шароити мусоидро ҷиҳати қабули як қатор санадҳои ҳуқуқии сатҳи милливу байналмилалӣ фароҳам сохт.
Ҳадаф аз қабул гардидани қонун ва барномаҳо дар ин самт баланд бардоштани масъулияти Зан-Модар ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи хештаншиносӣ ваҳдату ягонагӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстиву инсонпарварӣ, шинохти унсурҳои муҳимтарини фарҳанги миллӣ ва саъю талоши хастагинопазир, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳар фарзанд мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар бедор кардани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва бедор кардани ҳисси масъулиятшиносии волидон таъсири калон гузошт .
Лозим ба ёдоварист, ки Сарвари давлат дар ҳар як Паёми хеш ба мақоми олии қонунгузори кишвар дар самти ҳаёти иҷтимоии имрӯзу ояндаи занону бонувони тоҷик саҳифаи наверо боз мекунанд. Вобаста ба ин масъала, яъне нақши ин қишри созандаи ҷомеа ва давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: «...бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму ойинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд» .
Қайд намудан зарур аст, ки дар тамоми суханронӣ ва Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи мавзуи занону модарон махсус таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки мисоли онро мо дар бандҳои алоҳидаи Паёми навбатии Пешвои миллат аз 28 декабри соли 2024 ба таври равшан дида метавонем. Дар ин Паём зикр карда шуд, ки «Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Ҳамзамон, вобаста ба мавқеи занон дар баъзе соҳаҳои ҳаёти кишвар зикр карда шуд, ки «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд», ки албатта далели возеҳи қадршиносии давлату Ҳукумат ба занону бонувони кишвар мебошад.
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯзҳо зери роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созадаву наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии занону бонувони мақомот ҳама чораҳоро меандешанд, то ки ин қишри тарбиятгари ҷомеа ҳамеша пойдевори зиндагии насли имрӯзу ояндаи миллат бошад.
Зеро, Зан-Модар ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро низ тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
Чунки замони ҳозира бо равандҳои ҳассос ва мураккабе рӯ ба рӯ мебошад, ки масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд. Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарину нахустин муаллими ҳаётии хеш медонад. Бемуҳобот, модар он моҳи дурахшонест, ки бо нури меҳрбораш шабҳои тираву торики моро равшан месозад.
Итминони комил дорем, ки занону бонувони Тоҷикистон чун меросбарони аҷдодони шарафманди хеш барои рушди рӯзафзуни Тоҷикистони биҳиштосо, зери сиёсати падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати Зан-Модар будани хешро чун гузашта, имрӯз ва оянда низ собит месозанд.
Насуриён Пулод Асадулло,
сардори Академияи ВКД ҶТ,
генерал-майори милитсия,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...