Иштироки сардори Академияи ВКД дар суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳри Турсунзода
26 ноябри соли 2024 дар толори асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳри Турсунзода оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур дар қатори дигар масъулини дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо маъруза дар мавзуи «Зарурати қабули Қонуни танзими ҷашну маросим дар шароити муосири Тоҷикистон» баромад намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ходимони дин, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро атрофи татбиқи қонун ва аҳаммияти он дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ин диёр иброз намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ филми мустанад, ки аз ҷониби Маркази матбуоти ВКД омода гардидааст ба намоиш гузошта шуда, сипас чорабинӣ бо миннатдории кумитаи тадорукот, ҷиҳати иштирок ва суханронии меҳмонон дар чорабинии зикргардида, ба кори хеш анҷом пазируфт.