Парчам – рамзи соҳибдавлатӣ ва истиқлоли миллӣ
“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Парчам ҳамчун рамзи миллӣ, арзиши муқаддас ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ буда, бидуни шакку шубҳа заминаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро доро мебошад. Ин муқаддасот, барои тақвияти ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқату самимият ва ифтихори миллии шаҳрвандон нақш ва ҷойгоҳи хосса дорад.
Дар таърихи тамаддуни тоҷикон Парчам ва ё Дирафш мақоми шоиста дошта, он ҳамчун рамзи Истиқлол, озодӣ ва ҳувияти миллӣ шинохта мешавад. Бо зуҳури аввалин давлатҳо дар ҷомеаи инсонӣ, бахусус давлатдориҳои аҷдодии мо тоҷикон Парчам низ бо хусусиятҳои хоси худ ба вуҷуд омада, дар ибтидо аз ҷиҳати сохту мазмун гуногуншакл ва сода буд. Пас аз бавуҷудоии аввалин давлатҳои мутамарказ ва густариши нишонаҳои фарҳангу тамаддун парчамҳо низ ҳамчун ифодакунандаи ормони миллӣ аз ҷиҳати мазмун, маъно ва сохторашон мураккаб гардида, ҷанбаҳои маъноӣ ва рамзии онҳо низ тақвият ёфтанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру ҷавони кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.
Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши Парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардум мебошанд.
Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва ғайра. Дар ин миён Парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни Парчам наметавон тасаввур намуд.
Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ, мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.
Дар зери Парчам аҷдодони сарбаланди мо тоҷикон тавонистаанд, ки бузургтарин давлатҳо, империяҳо ва адолату инсоф, ростиву некӯкорӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Дар таърихи парчамдории миллатҳои мутамаддини ҷаҳон «Дирафши Ковиён», яке аз парчамҳои қадимтарин шинохта ва эътироф гардида, ворисони ин миллати соҳибтамаддун онро ҳамчун нишоне аз озодӣ ва мустақилияти комил ҳифз менамоянд. Аз омӯзиши сарчашмаҳо ва адабиёти таърихию бадеӣ аён мегардад, ки Парчам дар масири таърих бо вожаҳои дирафш, ливо ва байрақ, ки решаҳои гуногуни забонӣ доранд, маъруфият пайдо намуда, мавриди истифодаи умум қарор мегирифтааст.
Бо дарназардошти муҳиммияти суннати парчамдорӣ мо баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосири худ баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ Парчами кишварамонро ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул кардем.
Маҳз дар Иҷлосияи таърихӣ, санаи 24 – ноябри соли 1992 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами давлатиро дар шакли имрӯзааш қабул намуд. Парчами давлатӣ аз се ранг, сурх, сафед, сабз ва акси тоҷу ҳафт ситора асос ёфт, ки ҳар кадоми онҳо моҳияти таърихӣ ва сиёсиро доро мебошанд. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Рангҳои пазируфтаи миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз аҳди бостон то замони мо расидаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист чунин қайд намуданд, ки: «Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва Истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни Парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Аз оғози қабули Парчами давлатӣ миллати созандаи тоҷик таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.
Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи Истиқлолу дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.
Дар ҷомеаи муосир, ҳар як давлати соҳибистиқлолро Парчами он муаррифӣ менамояд, зеро дар рамзу баёни аломати парчам хусусиятҳо аз тамаддун, маданият, урфу одат, бовариву эътиқодот, одобу русуми ниёгон, ҳувияту руҳияи миллии ба миллатҳо хос таҷассум мегардад. Бо чунин хусусият ва мазмун, Парчам ё дигар рамзҳои давлатӣ дар сатҳи баланд арҷгузорӣ карда мешаванд, зеро онҳо ифодакунандаи хосиятҳои дар боло зикршуда мебошанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам, маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавии миллӣ ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки зери ин арзиши муқаддаси миллӣ мутаҳид бешем, ҳамеша ва дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимоя ва поку муқаддас нигоҳ доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ, ин пос доштани Ватан, аҷдод ва таъриху суннатҳои миллӣ мебошад. Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлату давлатдорӣ дар низоми сиёсии кишвар дорои аҳамияти бузург мебошад.
Зеро Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ифодагари соҳибихтиёрӣ, рамзи эҳтиром ва шинохти давлати мо аз ҷониби дигар миллату давлатҳо мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, алалхусус мо кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур мебошад, ки ба моҳияту мазмуни сиёсӣ ва аҳаммияти таърихиву муқаддас будани рамзҳои давлатӣ бештар арҷгузорӣ намоянд.
Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаврид қайд намудаанд, ки «Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, нисбати Парчам, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст».
Ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончи, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро бошад ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Ҳамагон шоҳиди онем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ аз чашмони варзишгарон ашки шодӣ мерезад.
Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли ҷавон аҳаммияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон фаҳмонида мешавад, ки албатта яке аз механизмҳои тақвияти ҳисси миллӣ ҳисоб меёбад.
Дигар хусусияти Парчам дар он зоҳир мегардад, ки дар зери ливо тамоми афсарону кормандони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар содиқона барои ҳимояи Ватан ва мубориза ба муқобили олами ҷинояткорӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, содиқ будан ба Ватан дар назди миллату давлат Савганд ёд мекунанд, ки ин амал муқаддас будани Парчамро собит месозад.
Вобаста ба ин ҳар фарди равшанзамир ва бо нангу номуси миллату давлатро имрузҳо зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ҳамзамон нисбати арзишҳои олии давлату давлатдорӣ эҳтиром ба ҷо оварда, барои таҳқир ва беҳурмати зоҳир намудани ин суннатҳои олӣ роҳ надиҳанд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳоло кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, хуб дарк менамоянд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисобида мешавад.
Имрӯз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки Парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонанги миллат дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст.
Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.
Насуриён Пулод Асадулло, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия