Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти курсантони Академияи ВКД дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

1431Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои ҷумҳуриявие, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар баргузор гардида истодаанд, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Аз ҷумла, курсанти курси 5-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҳикистон Маҳмадризозода Саидшоҳ Маҳмадризо дар озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 октябри соли 2024, №705 бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Курсанти курси дуюми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наимов Шоҳрухҷон барои ишғоли ҷойи сеюм дар Озмун (олимпиада) – ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон сазовори Диплом гардид.
1432Курсанти курси дуюми факултети №4-и Академияи ВКД Султонзода Манучеҳр дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ҳамаи номбурдагонро барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва ғолибият табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳо хоҳонем.1433

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...