Ҷаласаи Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои ИДМ
22 ноябри соли 2024 дар Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия 15-умин ҷаласаи роҳбарони мактабҳои олии аъзоёни Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунандаи милитсия (политсия) барпо гардид.
Мақсади баргузории чорабинӣ табодули афкор ва таҳияи мавқеъ оид ба масъалаҳои асосии дар доираи фаъолияти Ассотсиатсия ҳамкориҳои минбаъда буд. Дар ҷаласа инчунин ҳисобот барои соли 2024 ва самтҳои ояндадор оид ба такмили минбаъдаи фаъолият барои соли 2025 баррасӣ карда шуданд.
Дар кори ҷаласа дар шакли иштироки маҷозӣ (онлайн) иштирок доштанд:
1)Муовини аввали сардори Академияи политсияи Ҷумҳурии Озорбойҷон, полковники политсия Масуров Вугар Шамистан оглы.
2)Сардори Комплеки таълимии ВКД Ҷумҳурии Арманистон, полковники политсия Мурадян Манук Оганнесович.
3)Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларуссия, генерал-майори милитсия Василев Александр Павлович.
4)Сардори Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Беларуссия дар ш. Могилев, полковники милитсия Романчук Роман Валеревич.
5)Сардори шуъбаи ташкили фаъолияти илмӣ, байналмилалӣ ва табъу-нашри Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Беларуссия дар ш. Могилев, подполковники милитсия Тютюнков Алексей Николаевич.
6)Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларуссия, полковники адлия Каменентский Юрий Франсевич.
7)Муввақатан иҷрокунандаи вазифаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи М. Есбулатови дар ш. Алмаато, полковники политсия Дилбарханова Жанат Рахимҷоновна.
8)Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи М. Есбулатови дар ш. Алмато, полковники политсия Бимолданов Ержан Малаевич.
9)Котиби илмии Шурои олимони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи М. Есбулатови дар ш. Алмато, полковники политсия Алимова Элвира Абдикапбаровна.
10)Муввақатан иҷрокунандаи вазифаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Б. Бейсеновии ш. Караганда, полковники политсия Абеуов Дулат Алиаскарович.
11)И.в. ректори Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Сейтенов Калиолла Кабаевич.
12)Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи Э.А. Алиев, генерал-майори милитсия Абитов Тариел Таштанович.
13)Сардори Академияи идоракунии ВКД Россия, генерал-лейтенанти политсия Синенко Сергей Андреевич.
14)Ёрдамчии сардори академия (оид ба робитаҳои байналмилалӣ) – роҳбари гурӯҳи ҳамкориҳои байналмилалии Академияи идоракунии ВКД Россия, полковники политсия Диденко-Чинтимур Дария Сергеевна.
15)Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло.
16)Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, полковник Нигматов Руфтулло Олимҷонович.
17)Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, полковник Ахмедов Олимҷон Турсунбоевич.
Тибқи рӯзнома сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия П.А. Насуриён оид ба ду самти ҳамкории минбаъда гузориш дод, ки дар Рӯзномаи ҷаласа ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии баррасишаванда зикр гардиданд.
Дар натиҷаи муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзнома тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи 16-уми Ассотсиатсия соли 2025 аз ҷониби Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларуссия (ш. Минск) баргузор мегардад. Инчунин, пас аз баррасии ҳисоботи пешниҳодшуда оид ба фаъолияти Ассотсиатсия дар соли 2024 дар самти таҳкими ҳамкориҳои донишгоҳҳои ВКД/Политсия давлатҳо-аъзоёни ИДМ тағйироти мусбӣ қайд гардида, фаъолияти худи Ассотсиатсия қаноатбахш ҳисоб карда шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр