Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Иди Парчами давлатӣ дар Академияи ВКД

1408

Санаи 22 – ноябри соли 2024 дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили бошукӯҳи Иди Парчами давлатӣ баргузор гардид. Таҷлили тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикот сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло оғоз намуда, аз ҷумлу иброз намуд, ки «санаи 24-ноябри соли 1992 дар Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.
1409Баъдан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи 24-ноябр ҳамчун Иди умумихалқӣ эълон гардид, ки ҳар сол дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад».

1411Сипас бо маърӯзаи пурмуҳтаво меҳмони олиқадри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар мавзуи «Таърихи парачамдории миллати тоҷик» баромад намуд.

1414Барои ҳамкории пайвастаи АМИТ бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Кароматулло Олимов аз номи Вазири корҳои дохилӣ бо медали ҷашнии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

1412Дар қисмати фарҳангӣ курсантони Академия ВКД Саидов Толиб Шамсиддинович, Солеҳзода Ҳоҷиакбар Неъматулло дар васфи Парчам шеърҳо қироат намуданд.

1413Ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон Толиб Абдуллоев суруди «Парчами ковиён» иҷро намуда, руҳияи ширкатдоронро баланд бардошт.
Дар толор Парчамҳои давлатӣ парафшон гардиданд.
Таҷлили Рӯзи Парчам дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...