Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили “Рӯзи президент” дар Академияи ВКД

1394Рӯзи 15-уми ноябри соли равон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ сурат гирифт. Баъд аз хондани Суруди миллӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриен П.А., дар мавриди ин санаи муҳими рӯз баромад карда, дар анҷоми суханрониаш тамоми ҳайати шахсии Академияро табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматиашон муваффақиятҳо таманно кард.
Сипас, сухан ба ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчии иҷлосияи 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ депутати Шурои Олӣ даъвати 12 ва Маҷлиси Олӣ даъватӣ Мусоева Рафиқа Ғаниевна дода шуд. Муҳтарам Мусоева., дар мавриди «Рӯзи Президент» ва « Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон» барои ҳозирин суҳбати самимона карда, хизматҳои садоқатмандона, ватандӯстона ва ҷоннисоркунандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои кишвару зиндагии хуррамонаи мо шабурӯз талош варзидааст, муфассал баён кард.
Инчунин бо маърузаҳои пурмуҳтаво ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Мирзоева Ҳусноро ва муовини сардори Академияи ВКД 1395Шарифзода М.С. баромад намуданд. Дар қисмати дигари чорабинӣ Шарифзода Рустам бо суруде, ки дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд хотири ҳозиринро шод намуд.

1400

1398

1399

1396





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...