Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Рушди илм дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ”

1387

13-уми ноябри соли 2024 дар толори Шурои дисертатсионии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати васеи олимон, меҳмонон аз сохторҳои қудратӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди илм дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ» бахшида ба 10-солагии таъсисёбии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

1388Дар сухани ифтитоҳии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳозирин ва меҳмононро ба муносибати 10-солагии таъсисёбии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

1389Модератори мизи мудаввар ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия Асламов Б.С., интихоб гардид.

1392Сипас бо маърӯзаҳо баромад намуданд: Маҷидзода Ҷурахон Зоир - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии дараҷаи якум, генерал-майори мустаъфии милитсия; Буризода Э.Б.- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, дар мавзуи «Аҳамияти шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳои илмӣ”; Самиев Н.М. - сардори шуъбаи адъюнктура,н.и.ҳ., полковники милитсия маърӯза дар мавзуи «Достижения отдела адъюнктуры Академии МВД Республики Таджикистана»; Асламов Б.С. – ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Рушди тадқиқотҳои илмӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият (1991-2024)»; Муҳаммад С.А. - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Робитаи ҳамкории илмии кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ бо шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Ҳалимзода Д.О. – муаллим-методисти қисми таълимии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, маърӯза дар мавзуи «Таҳкими тадқиқотҳои илмӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат».
Дар фарҷоми мизи мудаввар тавсияҳои муфид қабул гардид.
Убайдуллоев Ш.Э.

1390

1391

1393

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...