Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни милитсияи тоҷик!

1374Имруз дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи милитсияи тоҷик, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. 1375Дар чорабинии мазкур устодону курсантон ва инчунин собиқадорони Академияи ВКД иштирок намуданд.
Нахуст бо сухани табрикотӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриен Пулод Асадулло баромад намуда, қайд намуданд,ки Рузи милитсияи Тоҷикро ба кулли кормандони
ин мақомоти бисёр муҳим ва бонуфузи Ватани маҳбубамон, ки ҳар соату ҳар сония дар пойдории тартибот ва сулҳу амонӣ саҳми бузург доранд муборакбод гуфта ,барояшон сиҳатмандии комил,рузгори хушу обод ва дар вазифаи пурмасъулияташон адлу инсоф ва сарбаландиҳо таманно дорем. 1376Бигзор дар диёри азизу аҷдодиамон Тоҷикистон ҳамеша адлу инсоф, якдигарфаҳмӣ ва сулҳу дӯстӣ пойдор бошаду, чашми бад аз марзи поки Ориён дур бошад!
Сипас ходими калони илмии шуъбаи адънктура, полковники милитсия Асламов Б.С. бо маърузаи пурмуҳтаво дар бораи милитсияи тоҷик баромуд намуд.
1377Инчунин қироати фармонҳо дар иҷрои муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Шарифзода М. С. садо дода, як қатор кормандону устодон бо рутбаҳои навбатӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатӣ дар иҷрои кормандон-ҳаваскорони Академия ва ҳунармандони шинохтаи кишвари азизамон баргузор гардид, ки таъби ҳозиронро бисер болида намуданд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...