Конститутсия – шиносномаи миллат
“Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан ҳам сарнавиштсоз мебошад, ки бахтномаи кишвари мо 30 сол пеш, 6-уми ноябри соли 1994 ба таври демократӣ бо раъйпурсии умумихалқӣ, ки аксарияти мутлақи ҳамватанони мо ба тарафдории он овоз доданд, қабул гардид ва моро ба ояндаи нек умедвор сохт. Ин сана барои мардуми мо як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Бахшида ба ин санаи таърихӣ, яъне 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Академияи ВКД чорабиниҳои зиёди илмӣ, бадеӣ, фарҳангӣ, варзишӣ баргузор гардида истодаанд. Ҷаласаи тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ин санаи муборак дар Академияи ВКД бо иштироки сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитси Насуриён П.А. ва шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодур, мудири шуъбаи истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илми филология, дотсент Зулфониён Раҷаб, инчунин ҳунарпеша ва устодони санъати тоҷик, ки аз ашъори шоир Бузургмеҳри Баҳодур сурудҳо мехонанд: Афзалшоҳ Шодиев, Лола Азизова, Хуршед Иброҳимзода, Раҷабов Муҳаммадҷон-донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов иштирок намуда, чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Нахуст бо сухани ифтитоҳи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитси Насуриён П.А. баромад намуда, иброз намуданд, ки Конститутсия қонуни асосии давлат буда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Конститутсия ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судиро муайян намуда, муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Ин ҳуҷати тақдирсоз дар бунёди давлатдории миллӣ моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшон.
Инчунин курсантони Академияи ВКД ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 ва №63-и шаҳри Душанбе шеърҳои ватанпарастӣ аз ашъори шоир Бузургмеҳр қироат намуданд.
Дар анҷоми чорабинии мазкур ба меҳмонон аз ҷониби сардори Академии ВКД туҳфахои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Азизаи Давлатшоҳ