Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

1314Яке аз соҳаҳои мустақили илми кишвар, соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ватанӣ мебошад, ки маҳз дар замони истиқлолияти давлатӣ ба асосҳои бунёдии он заминаи воқеӣ гузошта шуда, аз доираи соҳаи фаъолияти амалӣ ба бахши муҳими илм мубаддал гардидааст. Дар ин ҷода нақши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мақоми шоиста дорад.
1315Бо мақсади иҷрои талаботи банди 12 фасли III «Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», 4 октябри соли 2024 дар толори Шурои диссертатсионии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети № 6 Академияи ВКД, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами назария ва амалияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки меҳмонон аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқони кишвар ва омӯзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон доир гардид.
1316Дар оғози кори конфронсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ, бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён П. А., баромад намуда, иштирокчиёни конференсияро ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хайрумақдам гуфта, барояшон дар кори конференсия барору комёбӣ таманно намуд.
1317Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён П. А., зимни баромад қайд намуд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабинии илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами назария ва амалияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», яке аз чораҳои саривақтӣ мебошад.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён П. А., қайд намуд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ соҳаеро дарёфт намудан душвораст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нагардида бошад. Ин гуфтаҳо ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ дахл дорад. Аз ин ҷост, ки яке аз самтҳои асосии соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъмини амнияти давлатӣ ва муқовимат ба ҷинояткорӣ равона гардидааст, ин фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба шумор меравад.
Барои ба амал баровардани фаъолияти касбӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон имрӯз тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуд мебошад.
Аз ин лиҳоз, се маротиба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» 1) 28 декабри соли 1993, № 923, 2) 23 майи соли 1998, № 651 ва 3) 25 марти соли 2011 № 687 бо мақсади такмили асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона гардида, дар он вазифа, мақсад, ваколат ва мақоми ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шудаанд.
Дар асоси санади мазкур фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ, баробарӣ дар назди қонун, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пинҳонкорӣ, ҳамбастагии усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро асос ёфтааст.
Дар ин ҷода яке аз вазифаҳои асосии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ-оилавӣ, дахлнопазирии манзил ва маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахсӣ мебошад.
Зикр гардид, ки дар самти амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ проблема ва мушкилиҳое зиёде мавҷуданд, ки аз масъулини соҳа нигоҳи касбӣ, таҳлилӣ ва тадқиқиро тақозо менамояд. Дар баромади худ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён П. А., таваҷҷуҳи иштирокчиёни конференсияро ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳа ҷалб сохта, барои дар оянда мукаммалсозии қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пешниҳодҳои худро иброз намуд.
Сипас, аз ҷониби модератори конференсия - муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р. Р., регламенти конференсия ба самъи иштирокчиён расонида шуд.
Тибқи барномаи конференсия иштирокчиён аз Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови АМИТ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи Олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати амнияти дохилии ВКД, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РМЗГҒММ ВКД, РМЗҶМ ВКД, Раёсати тафтишотии ВКД, Раёсати ташхисӣ (эксперт) – криминалистии ВКД, Бюрои миллии марказии «Интерпол» - и ВКД, вобаста ба мавзӯи конференсия, баромад намуданд.
Баромади иштирокчиён бо саволу ҷавобҳои зарурии мавзӯи конференсияи мазкур гузаронида шуда, баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи иштирокчиёни конференсия як қатор пешниҳодҳо барои такмил додани қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ манзур гардид.
Дар охири кори конференсия модератори он - муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р. Р., баромад намуда, қайд кард, ки баргузор гардидани чунин конференсия дар мавзӯи баррасишуда боиси он мегардад, ки проблемаҳои муҳими фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳоди мушаххас дар самти мукаммалсозии қонунгузории соҳа манзур карда шаванд.
Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкории судманди мақомоти дахлдор чунин чорабиниҳо ба таври мунтазам дар минтақаҳои кишвар бо ҷалби кормандони мақомоти судӣ, прокуратура ва субъектони амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор шуда, натиҷаи масъалаҳои баррасишуда дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гарданд.
Абдулло Абдулло, майори милитсия





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...