Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Академияи ВКД
Дар Академияи ВКД бо ташаббуси кафедраи «Забонҳо» ва иштироки васеи роҳбарият, олимон, омӯзгорон ва курсантони Академия ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони адабии тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ҳамаҷониба рушд намуда, ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашта, ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ баромад намуд.
Сипас, доктори илмҳои филолигия, устоди ДМТ Тураҳасанов Қодир дар мавзӯи «Забон ва истилоҳоти миллӣ», сардори шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Ҷумҳурият”, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодур дар мавзӯи «Ватандорӣ ва гиромидошти хидмати гузаштагон», доктори и.и.ф., устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Олимҷон Қосимов дар мавзӯи «Истиқлоли Тоҷикистон ва густариши забони миллӣ», н.и.ф., дотсент, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим Раҷабзода “Арҷгузори забони давлатӣ бошем” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар рафти ҳамоиш курсантон дар васфи забони тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд.
Убайдуллоев Ш.Э,. Сафарзода С.Н.,