Маросими Савгандёдкунии курсантони Факултети рақами 4-уми Академияи ВКД
24 сентябри соли 2024 дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маросими ботантанаи Савгандёдкунии курсантони курси якуми Факултети рақами 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло, сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ генерал-майори милитсия Пулод Насуриён, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, ҳайати омӯзгорону курсантон ва падару модарони курсантони соли аввал иштирок намуданд.
Чорабинӣ ҳамчун арзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бо сароидани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфта, дар идома 120 нафар ҷавонони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолӣ, ки дар соли равон курсанти Академияи ВКД гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ ба Ватан ва сарзамини аҷдодӣ матни Савганди садоқатро қироат намуданд.
Ҳайати меҳмонон курсантонро бо ин рӯзи фаромушнашаванда аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуда, онҳоро ба хониши намунавӣ, иҷрои талаботи оинномаҳо даъват карданд.
Дар идомаи чорабинӣ курсантони соли аввал машқҳои низомии дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ омӯхтаашонро намоиш доданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия