Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ

1253Бо ибтикори сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ва кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» бо ҷалби олимон ва коршиносони масоили сиёсӣ баргузор гардид.
1254Кори конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, бо сухани табрикӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милится Насуриён Пулод Асадулло баромад намуд.
1255Пеш аз қироати маърӯзаҳо бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ ва Фармоиши сардори Академияи ВКД фаъолон бо рутбаҳои махсус ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
1256Сипас дар асоси барномаи конференсия олимон аз АМИТ, ДМТ, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъҳои гуногун баромад намуданд.
Дар фарҷоми кори конференсия ба меҳмонон китобҳои ҷашнии олимони Академия тақдим гардид.
1257Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...