Иштироки намояндагони Академияи ВКД дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ховалинг
5 сентябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои “Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бояд гуфт, ки меҳмонхонаи мазкур дар доираи корҳои ободониӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Бинои Меҳмонхона бо тарҳу сохти меъмории муосир сохта шуда, аз 54 ҳуҷра, толори маҷлис, толори компютерӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳо ва биноҳои ёрирасони иншоот бо таҷҳизот ва лавозимоти ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй муҷаҳҳаз буда, бинои меҳмонхона дорои системаи гармидиҳии алоҳида мебошад.
Баъди кушодани ботантанавии меҳмонхона дар толори истироҳатгоҳи лаёқатмандон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ ҷавонони лаёқатманди кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд, ки дар қатори онҳо намояндагони Академияи ВКД – дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Ҳайдарзода Мурод, инчунин, курсантони курси 5-ум Муҳаббатуллозода Ҳайём ва Абдуллозода Салоҳиддин низ иштирок доштанд.
Президенти кишвар вобаста ба масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф, дастгирии ин бахш, беҳтарсозии сифати таълиму тарбия, дастрасии хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ ва таъмини ташаккули ҷаҳонбинии онҳо андешаронӣ намуданд.
Дар фароварди мулоқот ба 50 нафар ҷавони хуштолеъ туҳфаҳои арзандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.